Аз ҷумлаи равандагони роҳи пешиниён ва эҳёгари матбуоти озод дар кишвар аст. Замоне, ки ҳама саргарми ёфтани як бурда нон буданду фикри раҳоӣ аз гураснагӣ дар сар мепарвариданд, вай дар андешаи он шуд, ки чӣ гуна мардуми дурафтода аз маърифатро бори дигар ба мутолиаи рӯзномаву маҷалла баргардонад. Ва муваффақ ҳам шуд, ҳарчанд барои ин лозим омад хеле заҳмат кашад, як бахши азими дороиҳои худро сарф кунад.

Ва ин 20 сол пеш буд, замоне, ки вай нав ба 30 қадам мегузошт...

Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор дида ба олам боз кардааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба тавсияи устоди мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст.

Аз миёни таҳсил ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ кардаву баъди бозгашт ба таҳсили худ идома додааст.

Аммо сар аз соли сеюм, аниқтараш аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) таҳсил намуда, соли 1990 онро хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиашро аз рӯзномаи он замон машҳури “Тоҷикистони Советӣ” оғоз мекунад. Баъди ҳамагӣ чор моҳ ба рӯзномаи “Садои мардум” гузаштаву аз моҳи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи ин рӯзнома буд.

Пешаи рӯзноманигорӣ дар он замони пур аз ҷангуҷӯш муносиб наёмад ва ҳатто хатарнок ҳам буд. Аз сӯи дигар иддае дар сар задани ҷанги дохилӣ матбуот ва журналистонро муқассир медонистанд.  Ин буд, ки ӯ муддате ба кори тиҷорат машғул шуд. Аз хориҷ мол меовард ва дар дохил мефурӯхт.

Бо гузашти ҳудудан ду сол бори дигар ба журналистика рӯ овард. Вале на дари “Ҷумҳурият”-ро куфт ва на ба идораи “Садои мардум” рафт. Вақте тасмим гирифт ба пешаи худ бармегардад, дар сар андешаи таъсиси нашрияи мустақил ва хусусиро дошт. Ва боз дар чунин замоне!

Вале аз роҳаш нагашт ва дере нагузашта “Дайджест пресс”-ро таъсис дод ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияҳои русии Маскавро бозчоп мекард ва бо иловаи гӯшаву саҳифаҳои рекламавӣ ба фурӯш мебаровард. Бо ин васила чанд  нафар аз ҷумлаи журналистони кишварро бо ҷойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорӣ  дар он солҳо намедонистанд худро андармони чӣ коре кунанд, ки бурдаи нони беминнат ёбанд, аз фурӯши “Дайджест пресс” қут меёфтанд.

Тадриҷан заминаи таъсиси рӯзномаи тоҷикии “Чархи гардун” низ фароҳам омад ва 25-уми апрели соли 1996 аввалин шумораи он аз чоп баромад. Тавре  Суҳроби Зиё мегӯяд: “Бо оғози нооромиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, хелеҳо ангушти иттиҳомро ба суи матбуот ва рӯзноманигорон мекарданд. Ба бовари онҳо дар аланга гирифтани оташи ҷанги дохилӣ саҳми матбуот ва журналистон ҳам кам набуд. Чунин пиндорҳо ва вазъияти нобасомони сиёсӣ ва иқтисодӣ боиси дилсардии мардум нисбат ба рӯзномаву маҷалла ва радиову телевизион шуд. Вазъият ба ҳадде ногувор буд,ки нашрияҳои тоҷикӣ тақрибан надоштем. Дар чунин шароите баҳори соли 1996 Акбари Саттор иқдом ба таъсиси ҳафтаномаи “Чархи гардун” кард. Ва меҳри хондани нашрияро дубора дар дили хонандаҳо ҷой намуд”.

“Чархи гардун” журналистони зиёдеро, ки бекору парешон ва аз нобасомонии замона дар ранҷҳои руҳӣ андармон буданд, дубора гирд овард, умедро дар умқи синаи онҳо фурӯзон кард. Яъне, мегуфт, ки ҳақиқат намемирад, то даме инсон нафас мекашад, умед ҳам зинда аст. Ва ӯ тадриҷан мактаби журналистикаи худро поягузорӣ кард, ки имрӯз бидуни шак касе наметавонад ва ҳақ ҳам надорад бидуни омӯзиши мактаби журналистии Акбари Саттор таърихи журналистикаи муосирро бинвисад. Тавре дар номаи табрикии созмонҳои журналистии кишвар омадааст, “насли нави сарварон ва муассисони матбуоти хусусӣ Хуршеди Атовулло, Сайёфи Мизроб, Раҷаби Мирзо, Ҷумъаи Мирзо, Ортиқи Қодир, Равшан Махсумзод, Боймурод Шарифзода, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Раҳматов, Раънои Мубориз, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, Наҷмиддини Шоҳинбод” дар мактаби ӯ “дарси менеҷмент ва сарварии матбуотро ёд гирифтаанд”.

Аз сол ба соли дигар теъдоди нашрияҳои вай афзуданд. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то ба имрӯз директори генерали ҶДММ «Чархи Гардун» аст, ки илова ба ин ҳафтаномаи хонданӣ боз нашрияҳоеро аз қабили  “Вечерний Душанбе», “Авиценна”, “Дайджест пресс», “Аладдин” , “Анушервон”, “Зан ва мард”-ро зери як ливо ба ҳам овардааст.

Акбари Саттор замоне сарварии Иттиҳоди журналистонро ба уҳда гирифт, ки созмон дар ҳоли варшикастагӣ қарор дошт. Бо гузашти солҳо ва  бо талошҳои зиёд муваффақ шуд, ки он ба як ташкилоти пешрафта табдил шавад. Ва имрӯз дар ҳама рӯйдоди вобаста ба ҳаёти журналистӣ аз аввалинҳо шуда садои Акбари Саттор шунида мешавад.

Вай дар бораи имрӯзу фардои матбуоти кишвар зиёд меандешад ва илова ба тарҳрезиҳо дар нашрияҳои хусусиаш дар бораи озодии баёну андеша, нақши созандаи матбуот дар рушди кишвар, ҳифзи ҳуқуқи журналистон  муҳокимарониҳои ҷолиб дорад.

2- юми декабри соли 2013 дар як ҳамоиш бахшида ба натиҷаи таҳқиқоти дастовардҳои ВАО ва матбуоти Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор иброз дошт, ки агар вазъ чунин идома кунад, ду сол баъд эҳтимол дорад дар кишвар матбуоти озод боқӣ намемонад. Вай гуфт зарурати он ба миён омадааст, ки намояндагони нашрияҳои мустақил бо ирсоли номае ба сардори давлат таваҷҷуҳи ӯро ба фишорҳо болои матбуот ва таъқиби журналистон ҷалб намоянд. Вай борҳо таъкид кардааст, ки  ВАО ин оинаи мамлакат аст ва фишору таъқиб обрӯи байналмилалии кишварро ба сифр баробар мекунад.

Акбари Саттор миёни ҷомеаи журналистии кишвар аз обруи вижа бархӯрдор аст. То ба имрӯз аз маъдуд сарваржурналистонест, ки дар борааш ҳарфи кажу нораво шунидаву гуфтаву навишта нашудааст. Тавре Суҳроби Зиё мегӯяд, “Акбари Саттор аз чеҳраҳои мондагори журналистикаи даврони истиқлоли Тоҷикистон аст. Ӯ мувофиқи имкон ва тавоноӣ ҳамеша ба доди хабарнигорон ва нашрияҳо мерасад. Вай миёни кормандони нашрияҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, миллӣ ва хориҷӣ тафовуте намегузорад. Шояд Акбаралӣ нуқоти заъфе ҳам дошта бошад, аммо кору рафтор ва гуфтораш хислатҳои неки ӯро миёни мардум ва ҷомеаи журналистии кишвар барҷастатар кардаанд”.

Журналист Илҳоми Ҷамолиён Акбари Сатторро ҳампешаи худ медонад ва мегӯяд дербоз ӯро мешиносад. “Он, ки ӯ яке аз поягузорони матбуоти мустақили Тоҷикистон, соҳиби чандин расона, журналисти пуркору серғайрат ва Раиси иттифоқи журналистон мебошад, баҳсе нест. Аммо муҳим чизи дигар аст.  Акбаралӣ Саттор барои матбуоти тоҷик ва рушди журналистика хизматҳои арзанда ва шоиста адо намудааст. Бо вуҷуди ин боре ҳам намоишкорӣ намекунад ва даст сари сина зада, намегӯяд, ки манам фалонӣ. Аз ҳама муҳимаш ӯ дӯст, ҳамкасб ва раиси меҳрубон асту хеле самимӣ. Аслан, ба самимияти журналистон бисёриҳо эътимод надоранд, аммо ман ба самимияти Акбаралӣ  ва ба мавқеи ӯ бовар мекунам”.

Акбари Саттор ташаббускори чандин лоиҳаи бунёдӣ барои рушди журналистикаи муосир ва тарҳҳои ҷолиби бунёди журналистикаи ҳирфаӣ дар кишвар аст. Бо ташаббуси ӯ иқдомҳои нахустин барои омодасозии қомуси журналистикаи тоҷик, ки дарбаргирандаи ҳам таърихи бунёди он ва ҳам очерку лавҳаҳо роҷеъ ба чеҳраҳои муваффақи журналистика дар мамлакат мебошад гирифта шудааст ва имрӯз сари ин тарҳ  корҳои бунёдӣ шуруъ шудаанд.  Ва қарор аст ин энсиклопедия  аввал дар шакли электронӣ омода шавад ва дар фурсати муносиб дар қолаби як китоби хонданиву ҷолиб интишор ёбад. 
TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер