Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва рӯзномаи ҳаррӯзаи Тоҷикистон “Имрӯз Нюс”-ро дар паст задани шаъну шарафи ширкати “Тоҷирон” гунаҳкор дониста, қарор кардааст, Воҳидова ба ин ширкат 30 ҳазор ва “ИмрӯзNews” 1 сомонӣ ҷуброн супоранд.

Назири Нусрат, сармуҳаррири “Имрӯз Нюс” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, додгоҳ имрӯз, 19-уми июл, матлаби "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон"-ро “пастзананда ва бадномкунанда” хонда, инчунин рӯзнома ва Файзиниссо Воҳидоваро вазифадор кардааст, ки раддия нашр кунанд.

Қаблан ширкати “Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва “Имрӯз News”, ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз Воҳидова 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб карда буд. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Назири Нусрат мегӯяд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.

Воҳидова низ қаблан дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дар матлабе, ки боиси даъвои “Тоҷирон” шудааст, оид ба фаъолияти иқтисодии ширкат умуман сухан намеравад. Гап он ҷо дар бораи ронандае меравад, ки воситаи нақлиёташ ба ширкати “Тоҷирон” тааллуқ дорад ва ин ронанда даст ба тамаъҷӯӣ задааст. Ин ҷо бояд тафтишот гузаронда мешуд ва гунаҳкор муайян мегардид. Аммо “Тоҷирон” даъво дорад, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст, дар ҳоле ки дар он оид ба фаъолияти ширкат сухан намеравад. Чунин даъвоҳоро бояд додгоҳҳои умумӣ баррасӣ кунанд.”

Ozodagon.com - Имрӯз, 19.07.13.-12:17:

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер