4 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО Хуршед Атовулло роҳбари ин ниҳоди журналистӣ таъин гардид.

Дар ин вазифа Хуршед Атовулло Нуриддин Қаршибоевро иваз намуд. Хуршед Атовулло асосгузори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, дар айни замон сармуҳарририи ҳафтаномаи Фаражро низ ба ӯҳда дорад. Мавриди зикр аст, ки ҳафтаномаи «Самак», «Ману Ту» ва сомонаи Faraj.tj бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ихтиёри Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мебошад.

Шӯрои ВАО созмони мустақили ҷамъиятиест, ки вазифааш ҳимояти ҳуқуқи рӯзноманигорон ва мӯҳтавои матолиби нашрияҳои кишварро аз нигохи мутобиқаташон ба кодексиахлоқи журналистӣ ба ӯҳда дошта, саҳми он дар рушду равнақи журналистикаи Тоҷикистон калон аст.

Ёдовар мешавем, ки нахустин раиси шӯрои ВАО доктори илмҳои таърих профессор Усмонов Иброхим Кенҷаевич интихоб шуда буданд. Тибқи Оиннома Раиси Шӯрои Васоити ахбори омма ҳар сол аз тарафи аъзоёни ин Шӯро интихоб карда мешавад.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер