5-уми декабри соли 2015 дар факултети журналистикаи ДМТ Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо» бо ҳузури муҳаққикони варзидаи журналистика ва роҳбарону намояндагони расонаҳои кишвар баргузор мегардад.

Дар конфронс муҳимтарин масоили матбуот дар шароити ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ, аз қабили муаммоҳои таъсири мутақобилаи сомонаҳои интернетӣ ба нашрияҳои чопӣ, таърихи пайдоиши мултимедия ва журналистикаи конвергентӣ (чандрасонаӣ), мушкилоти чандрасонаӣ барои рӯзноманигорон ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

 

Замон: 5 декабри соли 2015, соати 9 00
Макон: Шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои 10, факултети журналистикаи ДМТ.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер