Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии як гурӯҳи зиёиёни тоҷикро алайҳи рӯзноманигор Олга Тутубалина ва ҳафтаномаи “Азия плюс” рад кардааст.

Ба гуфти Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Олга Тутубалина, судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Фаррух Хоҷаев даъвои зиёиёнро, бо далели ба салоҳияти суди иқтисодӣ ворид нашудани иддаъо, ба баррасӣ нагирифтааст.

Даъвогарон Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологии ДДТТ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавиро талаб карда буданд.

Ба ақидаи даъвогарон, Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” («Азия-Плюс», 30-юми майи соли 2013), гӯё тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер