Аброр Зоҳир, нависандаи маъруф ва директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 23 ноябр дар синни 50-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тавре наздикони марҳум ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Аброр Зоҳир, ки директори «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и Душанбе буд, дар ҷои кораш даргузаштааст. Ба гуфтаи мусоҳибони "Озодагон" Аброр Зоҳир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст: "Маросими видоъ бо Аброр Зоҳир имрӯз, 23 ноябр дар манзили зисташ, дар шаҳри Душанбе дар назар аст".  Аброр Зоҳир соли 1965-ум дар шаҳри Сарбанд ба дунё омада, соли 1982-юм мактаби миёна ва соли 1987-ум факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Хатлон" оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва фарҳанги ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", сармуҳаррири ҳафтавори "Ҷаҳони паём", Директори Телевизиони Тоҷикистон, Директори киностудияи "Тоҷикфилм", сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ аз соли 2012 то рӯзи вафот директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Аброр Зоҳир узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи киноматографистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мебошад.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер