Бахтиёр Сафаров, журналист-тадқиқотгари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бар асари фишори баланди хун даргузашт.

Тавре наздикони Сафаров ба “Озодагон” иттилоъ доданд, марҳум дар синни 47-солагӣ дар беморхонаи Ёрии таъҷилӣ бар асари фишорбаландӣ аз олам чашм пӯшид: “Маросими дафни Сафаров дар шаҳри Кӯлоб баъди зуҳри 21 ноябр доир гардид”. Бахтиёр Сафаров, писари Ашӯр Сафар, шоири халқии Тоҷикистон, дар доираи барномаи "Тадқиқоти журналист"-и “Шабакаи аввал” бештар матолиби таҳлилӣ таҳия мекард. Охирин барномаи таҳиякардаи Бахтиёр Сафаров - “Бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар мавзеъҳои хатарнок” мебошад, ки тариқи шабакаи аввал пахш гардид.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер