Нашрияи русии "Вечерний Душанбе", марбут ба ҶДММ “Чархи гардун” бо сабаби мушкилоти молӣ муваққатан нашр намешавад.

Ҳафтаи дуюм аст, ки нашрия ба дасти хонандагонаш намерасад. Масъулини нашрия ба TojNews гуфтанд, ки мушиклоти молӣ боис ба қатъ шудани нашр шуд.

“Ҳоло аудити дохилӣ идома дорад, мумкин аз аввали соли равон чопи "Вечерний Душанбе" дубора ба роҳ монда шавад”, - мегӯяд масъули ҳафтаномаи русӣ.

Ҳафтаномаи "Вечерний Душанбе" аз 1-уми октябри соли 1968 ба ин тараф нашр мешуд. Дар гузашта муассиси он шаҳрдори пойтахт буд, вале соли 2000 шаҳрдорӣ аз муассисии нашрия даст кашид. Баъдан муассисии "Вечерний Душанбе"-ро ҶДММ “Чархи гардун” бо роҳбарии марҳум Акбари Саттор бар ӯҳда гирифт.

Аммо бо баргузашти Акбари Саттор дар моҳи сентябри соли равон нашрия ба бӯҳрони молиявӣ дучор шуд. Қаблан низ ин ҳафтанома чандин маротиба гирифтори бӯҳрони молӣ гардида буд, аммо дар чопаш таъхир намешуд.

"Вечерний Душанбе" дар гузашта яке аз ҳафтаномаи серхонандаи русзабон дар пойтахт ба ҳисоб мерафт.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер