Рисолати рузноманигорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ мавзуи мулоқоти навбатии рӯзноманигорони ҷавон бо шореҳи нашрияи «Нигоҳ» Фахриддин Холбек дар дафтари Шӯрои ВАО интихоб шуд.

Дар мулоқот 11 нафар рӯзноманигорони ҷавон аз расонаҳои гуногун  иштирок карданд.

Фахриддин Холбек дар мавриди рисолати рӯзноманигорӣ гуфт, ки журналист пеш аз хама бояд рисолати касбии худро иҷро намуда, иттилоъро беѓаразона инъикос намояд.

«Имрӯз журналистикаи тоҷик дар бӯҳрон қарор дорад, - гуфт ӯ.- Дастрасӣ ба иттилоот душвор шудааст ва сарчашма барои мо танҳо АМИТ Ховар мондааст. Журналистон имрӯз барои инъикоси иттилоот ҳарос доранд. Ба онҳо касе чизе намегӯяд, онхо худашон ин тарсро ба вуҷуд меоранд. Яъне худсензура зиёд шудааст».

Фахриддин Холбек инчунин аз таҷрибахои фаъолияти худ нақл карда, рӯзноманигорони ҷавонро даъват кард, то худсензураро нест кунанд ва иттилоъро беѓаразонаю нотарсона пешниҳод кунанд. Ӯ зикр намуд, ки журналистон ҳангоми адои рисолати рӯзноманигорӣ меъёрҳои азлоқи журналистиро низ даѓалона вайрон мекунанд, ки ин боиси судбозиҳои тӯлонӣ мегардад.

Ин ҳафтумин  мулоқоти рӯзноманигорони ҷавон бо аъзои Шӯрои ВАО ва рӯзноманигорони забардасти тоҷик буда, сараввал Нуриддин Қаршибоев, раиси Шурои ВАО дар мавриди мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва риояи он», Раҷаби Мирзо «Ақидаи шахсӣ ва матлаби журналистӣ», Хуршеди Атовулло «Нақши тадқиқоти журналистӣ дар журналистикаи тоҷик», Мухтор Боқизода «Ҷасорат ва андешаҳои баёни журналистӣ», Нуриддин Қаршибоев «Амнияти рӯзноманигорӣ», Ёқуби Саид «Блогнависӣ» ва Фахриддин Холбек «Рисолати рӯзноманигорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ» ба рӯзноманигорони ҷавон сӯҳбат доштанд.

Санҷар Ҳошимӣ, муҳаррири сайти хабарии Faraj.tj ва иштирокчии доимии машѓулиятҳои Шӯрои ВАО мегӯяд, ки гузаронидани чунин дарсҳо бамаврид аст. «Аз рӯзи аввали ташкил шудани дарсҳо дар Шӯрои ВАО ман онро чун иштирокчӣ хуб пазируфтаам. Зеро гузаронидани чунин тренингҳо барои мо, журналистони ҷавон хело муҳим аст,  чун дар ин тренингҳо журналистони соҳибтаҷриба даъват мешаванд, мо, навкорон аз онҳо нозукиҳои касбӣ ва маслиҳатҳои муфид мегирем.  Шахсан ман аз ин тренингҳо баҳраи зиёд бардоштаам ва пас аз ҳар як тренинг хатоҳои худро, ки нишонаи таҷрибаи кам аст, ислоҳ менамоям.

Барои мисол дарсҳои ин тренинг сабаб шуд, ки аз як хатогии касбии худ, ки ин навиштани калонка буд, даст кашаму бар ивази он ба навиштани блог шурӯъ намоям. Ва ҳамчунин аз чандин хусусиятҳои вижаи журналистӣ низ огаҳ шудаам».

Фарзонаи Умаралӣ, хабарнигори нашрияи «Самак» мегӯяд, ки аз дарсҳои Шӯрои ВАО ба худ бисёр чизҳои муҳим гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ки гузаронидани чунин машѓулиятҳо зарур ва ба манфиати журналистони ҷавон аст. «Ин гуна ҷаласаҳо ва машваратҳое, ки устодони журналитикаи тоҷик бо журналистони ҷавон мегузаранд, намунаи ибрат хоҳад буд. Масалан, дарсҳои амалӣ низ дар рафти чунин ҷаласаҳо бештар сурат гирад, беҳтар хоҳад буд. Ҳамзамон, барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани журналистони ҷавон дар соҳаи журналистика хуб мешуд, ки дар мавзуҳои гуногуни мубрами рӯз озмунҳо гузаронида шавад. Боварӣ дорам, ки гузаронидани озмунҳо метавонад савияи дониши журналистони ҷавонро боло бардорад», -афзуд ӯ.

Одили Нозир, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон»  нисбати дарсхо назари мусбат дорад ва пешниход дорад, ки дарсхои Шӯрои  ВАО аз ин баъд дар доираи жанрхо ба рох монда шавад, чунки матбуоти мо имрӯз дар  бӯҳрони жанрӣ қарор  дорад.

Дар ҳамин ҳол Парвиз Турсунзода, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гуфт:

«Бардоштахо аз тренинг-омӯзиши Шӯрои ВАО-и  Тоҷикистон барои журналистони навқалам ва ҷавон хеле хуб ва  ба манфиат аст, зеро аз аввали дарс ба мо нафароне дарс медоданд, ки онҳо дар арсаи журналистика  шахсони пухта ва ҳирфаӣ буданд, бе шакку шубҳа аз чунин нафарон сабақ гирифтан ин худ мактаби бузург аст. Ва ман ҳам бо як завқи баланд иштирокчии фаъоли ин тренинг будам. Шахсан барои ман нақлу мисолҳои  устодон аз таҷрибаю роҳи пасту баланди касбии худ дар журналистика ҷолиб буд. Ин гуна тренинг-омӯзишҳоро пайваста ва ба муддати дароз бояд ба роҳ монда шавад. Барои ҷавонон дар роҳи касбии худ, қадами устувор гузоштан, хатои худро ислоҳ кардан чунин дарсҳову маслиҳатҳои нафарони касбӣ зарур аст. Зеро пас аз баромадан аз ин дарсҳо ман эхсос мекардам, ки барои худ чизе бардоштаам ва ба худ савол медодам, ки ҷое хато кардааму ҷое бояд чунину чунон рафтор мекардам».

Таҳияи Рухшона Хакимова

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер