Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони эҷодкор дар мавзӯи худтанзимкунии матбуот, ҳамчун як қисми фаъолияти тӯлонӣ бо аудиторияи ВАО бо мақсади тағйир додани муносибати онҳо ба масъалаи худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон озмуни иншо (эссе) эълон менамояд.

Дастовардҳои худтанзимкунии матбуот аз муносибати муштариён ба маводи интишории ВАО вобаста аст. Агар хонанда, шунаванда ё тамошобин ба сифати маводи журналистӣ бетарафона муносибат накунад ва аз ВАО риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбиро талаб намояд, онҳо ба такмили худтанзимкунии матбуот мусоидат менамоянд.

Озмун таҳти шиори умумии «Мо ВАО-и хушалоқро интихоб менамоем!» баргузор мегардад. Тамоми мавод бояд дар доираи мавзӯи худтанзимкунии ВАО омода гараданд:

- барои чӣ барои ВАО худтанзимкунӣ муҳим аст?

- Шумо Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро чигуна мефаҳмед?

- Шумо ВАО-и хушахлоқ ва бадахлоқро чигуна қабул доред?

Хаҷми мавод ба озмун бояд аз 3000 аломат зиёд набошад.

Иштирокчиён: донишҷӯёни курсхои болоии факультаҳои (шуъбаҳо) журналистӣ ва журналистони ҷавони то 30-сола

Мақсади озмун: ширкати ҳавасмандонаи 100 ҷавон ба омӯзиш, татбиқ ва тавсеаи Меъёпҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон

Натиҷахои дилҳоҳ: интишори на камтар аз 50 эссе дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои созмонҳои расонаӣ дар Интернет дар бораи зарурати риояи меъерҳои ахлоқии фаъолияти жруналистӣ ва ВАО дар Тоҷикистон ва мақоми онон дар баланд бардоштани сифати журнализм дар кишвар.

Мӯҳлат: ҳамаи мавод (интишоршуда ва дастнависхо) бояд то 30 ноябри соли 2015 ба ппости электронии: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ирсол диҳед.

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва мукофотхои пурарзиши Шурои ВАО мукофотонида мешаванд.

odob.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер