«Бо мақсади иҷрои банди  «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 12 ноябр дар  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  баланд бардоштани дониши рӯзноманигорони ҷавоне, ки дар ВАО-и давлатӣ фаъолият доранд ва  кормандони марказҳои матбуотии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар   мавзӯъҳои марбут ба назорати маводи нашъаовар мавод  омода мекунанд,  семинар баргузор гардид.  Дар  он рӯзноманигорон аз телевизионҳои давлатӣ, радио, нашрияҳои давлатӣ ва марказҳои матбуоти вазорату идораҳои гуногун иштирок намуданд.

Дар  семинар ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», самтҳои асосӣ ва вазифаҳои сиёсати зидди маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, маводи  нашъадор ва моддаҳои психотропӣ муаррифӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки хабарнигорон ҳангоми омода намудани мақолаву гузориш доир ба назорати маводи мухаддир, пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ бояд   қоидаҳои асосии эҳтиром ва  одоби  журналистиро риоя намоянд.

khovar.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер