Рӯзноманигор Носирҷон Маъмурзода натиҷаи таҳқиқаш дар бораи таърихи ташаккули матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлонро нашр кардааст.

Носирҷон Маъмурзода ба TojNews гуфт, таҳқиқи ӯ дар китобе таҳти унвони “Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд” аз чоп баромад.

Китоби мазкур дар нашриёти “Ирфон” бо теъдоди 200 нусха ба табъ расида, дар он аз таърихи ташаккули матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлон сухан меравад.

Ба гуфтаи муаллиф, “ин яке аз нахустин кӯшиши пажӯҳиш ва аз нуқтаи назари илмӣ арзёбӣ кардани таърихи ташаккул ва таҳаввули матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронии вилояти Хатлон мебошад.”

Дар рисола ҳамчунин таълифоти муаллиф доир ба заминаҳои пайдоиши ВАО-и минтақавӣ дар Тоҷикистон, вазъият, тамоюлҳо, инчунин дурнамои рушди журналистика дар вилояти Хатлон ҷой гирифтааст.

 

Носирҷон Маъмурзода, аз журналистони ҷавон дар вилояти Хатлон мебошад, ки ҳоло дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар вазифаи мудири шуъбаи иттилоот ва омӯзиши афкори омма кор мекунад. “Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд” дуюмин китоби таълифкардаи ӯ мебошад. Нахустин китоби Носирҷон Маъмурзода соли 2013 бо номи “Чеҳраи Хатлон” ба табъ расида буд, ки дар намунаи эҷоди чандин журналистони шинохтаи вилояти Хатлон ҷой дода шуда буд.

Tojnews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер