Шоми 2-юми ноябр, дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба Душанбе дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла Ютуб, Фейсбук, Одноклассники, ВКонтакте ва бархе сомонаҳои хабарӣ маҳдуд гардид.

Аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет ба “Озодагон” роҳандозии маҳдудиятро тасдиқ карда, афзуданд, ки сабаби ин иқдом ба онҳо шарҳ дода нашудааст.  Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик сайтбандиҳоро бозии аблаҳона хонд, ки дар арафаи сафари меҳмони воломақом роҳандозӣ шудааст ва афзуд, ки мо бояд доду вовайло накарда, бо хомӯшиямон ин бозиро вайрон кунем: “Фейсбук ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд карданд. Чӣ бояд кард? Ҳеч кор! Ба онҳо дастрасӣ дорем? Дорем! Онҳо мехоҳанд мо доду вовайло кунему пешопеши сафари меҳмони воломақоми амрикоиашон "одами нағз" шуда, " як масъалаи муҳим"- ро ҳал кунанду аз "масъалаҳои ночиз" чашм пушанд? Пас набояд ин имконро ба онҳо дод! Хапу хомӯш... Мо барои дастрасӣ ба интернет мушкил надорем, пас бигзор "масоили ночиз"- ро баррасӣ кунанд. Дуруст аст, ки аз каси дигаре интизори хал шудани масоил будан, низ давоми аблаҳист. Вале! Мо метавонем бозии аблаҳонаеро вайрон кунем? Пас чаро накунем?”

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, раҳбари Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои ТИ дар Тоҷикистон тасмими бастани сомонаҳоро таҳдид ба амнияти иттилоотӣ медонад. Ӯ мегӯяд, "ба ҳангоми гирифтани ин гуна тасмим бояд дар хотир дошта бошем, ки ҷомеи Тоҷикистон ба мисли қарни пеш на статикӣ, балки динамикист. Мувофиқи додаҳои расмӣ ҳудуди 20% шаҳрвандон берун аз кишваранду миқдори муайянашон ба ин сомонаҳо роҳат дастрасӣ доранд. Тасмимгирандаи чунин тасмими зидди манфиатҳои Тоҷикистон агар чизеро ҳам ҳифз кунад танҳо вазифаи худаш асту бас. Ҳайронам, ки чаро ин қадар тавонмандиро барои иҷрои дастурҳои ҷаноби Президент равона намекунанд. Дастури Президент, ҳамчун раиси Шӯро оид ба ТИК, ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба ҳастаи телекоммуникатсионии минтақа ҳанӯз аз феврали соли 2011, ки албатта ҳам манфиати иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад, кайҳо фаромӯш шудааст. Лек барои маҳдуд кардани мавқеи Тоҷикистон ҳам дар фазои телекоммуникатсионӣ ва ҳам фазои маҷозӣ .чораҳои "сӯзанда" сершуморанд”. 

Дар ҳамин ҳол Илҳомҷон Атоев, муовини раиси сардори Хадамоти алоқа мегӯяд, масдуд шудани сомонаҳо ба ин ниҳод рабт надорад ва маҳдудиятҳоро ба сабабҳои техникӣ марбут хонд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер