Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид  дар рӯзи ҷаҳонии  поён додан ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигороан гуфт,  дар як даҳаи гузашта беш аз 800 рӯзноманигор кушта шудааст. ӯ  таъкид кард, ки  дар ҳар панҷ рӯз як журналист кушата мешавад ва давлатҳо бояд ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон хотима гузоранд.

Пан Ги Мун, ки рӯзи 2 ноябр ба муносибати рӯзи байналмилалии поён додани ба ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, гуфт: “Имрӯз ёди рӯзноманигорон ва коркунони расонаҳоеро  арҷ мегузорем, ки дар роҳи анҷоми вазифаашон кушта шуданд”. Дабири Созмони милал муттаҳид ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар даҳаи гузашта 800 рӯзноманигор кушта шуданд, яъне дар ҳар панҷ рӯз як нафар барои анҷоми вазифашон  кушта шудаанд. Пан Ги Мун дар идома афзуд, “мо бояд барои мубориза бо ин раванд бештар фаъолият кунем ва итминон ҳосил намоем, ки хабарнигорон метавонанд озодона гузориш таҳия кунанд”.

Дар поёни ин паём Пан Ги Мун аз тамоми кишварҳо дархост кардааст, ки ба фишорҳо алайҳи рӯзноманигорон хотима дода, заминаи фаъолияти озодонаи онҳоро фароҳам кунанд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер