Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои муайян кардани беҳтарин мақола дар мавзӯӣ пешгирӣ аз тероризму экстримизм дар байни ҷавонон озмун эълон кардааст.

Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, сухангӯи Кумитаи ҷавонон, ҷавонони аз 14 то 30-солаи касбу кори гуногун метавонанд дар озмун ширкат кунанд. Довталабон барои ширкат бояд дар мавзӯи “Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон” навиштаҳои худро ба ин озмун пешниҳод кунанд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди матлабҳо 15-уми ноябри соли равон муайян шудааст. Ғолибони озмун аз ҷониби Кумита бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Нишонӣ: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6.

Tojnews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер