Ҳафтаномаҳои нашри Душанбе бо нишони эътироз ва мотам ба ҳодисаи марги Умари панҷмоҳа дар Русия саҳифҳояи худро сиёҳ нашр кардаанд.

Нашрияҳои мустақил ин қазияро маҳкум карда, хостори баррасии мунсифонаи қазия шудаанд. Ин ташаббус аз ҷониби рӯзномаи “ИмрӯзNews” сурат гирифтааст, ки ҳафтаномаҳо бо истиқбол аз ин  тасмим онро пайравӣ кардаанд.

Рӯзномаи “ИмрӯзNews” марги Умар Назаровро маҳкум карда, талаб дорад, ки Русия барои ин фоҷеа дар пеши Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ посух гӯяд.

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” саҳифаи аввали худро сиёҳ карда, ба ҷуз акси Умар Назаров акси дигаре дар ин саҳифа ҷой надодааст. Дар матлабе ба унвони “Марги Умар ва фоҷеаи бузурги Русия” суол кардааст, ки “Русия сиёсати тифлкуширо пеш гирифтааст?”

Нашрияи дигари мустақил “Фараж” саҳифаи 16-и худро бо ранги сиёҳ ва аксҳои Умар ва модари ӯ оро додааст. Ин ҳафтанома марги Умарро маҳкум карда, аз Русия талаб кардааст, ки ба миллати тоҷик посух диҳад. Мавзӯи асосии ҳафтанома низ ба ин қазия бахшида шудааст, ки бо акси калони Умар дар саҳифаи аввал нашр шудааст.

Ҳафтаномаи мустақили “СССР” марги Умари панҷмоҳаро фоҷиаи миллати тоҷик номидааст. Ин нашрия низ талаби посух додани Русия дар назди Тоҷикистон шудааст. Ин нашрия инчунин аз қатли Хуршедаи 9-сола дар Санкт-Петербург ёд кардааст, ки ба таври ваҳшиёна ба қатл расонда буданд.

“Озодагон” дар саҳифаи сиёҳе сӯгвориҳо ба марги Умарро нашр кардааст.

Аммо бархе аз нашрияҳои русзабони кишвар ҳатто дар ин бора хабаре низ нашр накардаанд.

13-уми октябр кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират зану шавҳари ҷавони тоҷик Рустам Назаров ва Зарина Юнусоваро боздошт карда, кӯдаки панҷмоҳаро аз модар ҷудо мекунанд. Умар Назаров дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Қазияи мазкур вокунишҳоеро дар дохил ва хориҷи Русия ба миён овард. ЮНИСЕФ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, расонаҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрванди дар ду кишвар ба ин ҳодиса бетарафӣ нишон надоданд. Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер