Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб дар озмуни навиштаҳо дар мавзӯи экологияи минтақавӣ, ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард.

Маъсуси Муҳаммадраҷаб, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар озмуни журналистикаи экологӣ ё муҳитзистӣ, ки аз сӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳамкорӣ ба дигар марказҳои экологии минтақавӣ роҳандозӣ шуда буд, сазовори мақоми аввал гардид.

Ин озмун дар се номинатсия – маводҳои радиоӣ, телевизионӣ ва чопиву интернетӣ сурат гирифт ва ду гузориши Маъсуми Муҳаммадраҷаб – яке роҷеъ ба бунёди пули марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигаре аз рафъи оқибатҳои сел дар марзи Исфара бо Бодканд, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ ба нашр расида буданд, ҷоиза дар бахши маводҳои чопӣ ва интернетиро ба худ ихтисос доданд. Дар бахши маводҳои чопӣ ва интернетӣ 40 мавод пешниҳод шуда буд.

Озмуни минтақавии экологӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои бори нахуст баргузор мешавад. Ҳадаф аз он, огоҳонидани аҳолии минтақа аз мушкилоти экологӣ ва ҳамин тавр бартараф кардани онҳо мебошад.

Дар ҷараёни ин сафар ширкатдорони озмуни экологӣ аз партовгоҳҳои радиоактивӣ дар ноҳияи Лавкати Ӯш дидан карданд. Рӯзноманигорони ду кишвар тавофуқ карданд, ки дар амри шиносоӣ бо мушкилоти минтақа ва огоҳонидани якдигар ҳамкорӣ намоянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон садҳо километр марзи муштарак доранд ва саргаҳи аксари обҳои Осиёи Миёна ба шумор мераванд. Ин амр ин ду кишвари кӯҳсори Осиёи Марказиро дар баробари офатҳои табиӣ, осебпазир кардааст.

Ozodi

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер