Ҳукумати ИМА хароҷоти солонааш барои “Озодӣ”, бахши тоҷикии радиои “Аврупои Озод – Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки маблағи он аз буҷаи расонаҳои кишвар ба маротиб бештар мебошад.

Вазорати корҳои хориҷии ИМА нимаи дуюми моҳи сентябр ҳисоботи солонаи дипломатияи мардумӣ ва расонаҳои хориҷиаш дар соли 2014 дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро расонаӣ кардааст. Тибқи он, ИМА барои буҷаи бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” дар соли 2014 1 миллиону 603 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Барои пахши барномаҳо маблағи иловагӣ дар ҳудуди 80 ҳазор доллар пардохт мешавад.

Дар муаррифии бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” гуфта мешавад, ахбори ин бахш ба воситаи радио, телевизиони моҳвораӣ, сомона, замимаи мобилӣ ва шабакаи иҷтимоӣ паҳн мешавад. Дар як ҳафта 22,75 соат барномаи радиоӣ дорад. Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ”-ро аз сарчашмаи муътамад ва сомонаи онро аз серхонандатарин сомонаҳо дар Тоҷикистон ном бурдааст. Инчунин, таъкид мешавад, ки чандин бор дастрасӣ ба сомонаи “Озодӣ” дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст.

Тибқи маълумоти мазкур, буҷаи бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” нисбат ба бахшҳои туркманӣ ва ӯзбакии ин расонаи амрикоӣ бештар мебошад. Барои бахши туркманӣ - “Азатлик” 659 ҳазор доллар ва барои бахши ӯзбакӣ - “Озодлик” 1 миллиону 505 ҳазор доллар дар соли 2014 масраф кардааст.

Дар соли 2014 ИМА барои бахши қирғизӣ “Азатик” 1 миллиону 722 ҳазор ($2.123 миллион барои ироаи барнома) ҷудо кардааст. Бахши қирғизии “Азатик” ба воситаи мавҷи кӯтоҳи FM низ пахш мешавад. Барои бахши қазоқӣ 1 миллиону 676 ҳазор масраф шудааст. Соатҳои барномаи радиоии ин бахш ба 42 соат дар як ҳафта мерасад.

Зимнан, буҷаи ҷамъи расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо замми расонаҳои чопии ҳукуматӣ баробар ба буҷаи танҳо бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” буда наметавонад.

Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аз соли 1953 фаъолият мекунад. Радиои „Аврупои Озод – Радиои Озодӣ” расонаи ғайритиҷоратии ИМА буда, соли 1950 ташкил шудааст.

Сармоягузории он аз ҳисоби буҷаи Амрико буда, дар оғоз аз тарафи Раёсати марказии иктишофии ИМА ё СРУ гардонандагӣ мешуд. Баъдтар ин масъулият ба дӯши Конгресси ИМА гузошта шуд.

Tojnews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер