Наздик ба 50 рӯз мешавад Акбари Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва яке аз соҳибрасонаҳои муваффақ миёни мо нест. Тамоми ҷомеаи журналистӣ аз Акбари Саттор ба некӣ ёд мекунад. Соҳибназарон мегӯянд, ӯ Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт, дубора зинда кард. Ҳанӯз раҳбари нави Иттифоқи журналистон муайян нашудааст. Бархеҳо ба ин суол ҷавоб мехоҳанд, ки раҳбари нав ин ниҳодро метавонад дар сатҳи замони раҳбарии Акбари Саттор нигоҳ дорад ё онро ба “асли хеш” бармегардонад? Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибрасонаҳо, раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва рӯзноманигорони маъруф пурсид: КИРО РАИСИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДИДАН МЕХОҲЕД? Абдумалик ҚОДИРОВ, коршиноси соҳаи ВАО

Ба назари ман, беҳтарин намунаи раиси Иттифоқи журналистон марҳум Акбари Саттор буд. Гумон мекунам, ба ин наздикӣ касе дар вазни ӯ ин иттифоқро раисӣ карда наметавонад. Вале ҳар касе, ки ба ин вазифа “интихоб” ё таъин нашавад, бояд ба тамоми ҳаводис ва рӯйдодҳо аз нигоҳи ҳимояти манфиати журналистон бархӯрд кунад. Раиси оянда, агар истиқлолият дар тафаккуру рафтор надошта бошад, агар рисолати худро барои нигаҳдорӣ ва афзун кардани озодии сухан ва матбуот дарк накунад, наметавонад аз манфиатҳои журналистон дифоъ кунад. Аз чунин раис на ба журналистон ва на ба ҷамъият фоидае намерасад ва аз буданаш набуданаш беҳтар аст.

Умед БОБОХОНОВ, бунёдгузори медиа холдинги “Азия-плюс”

Иттифоқи журналистон як созмони ҷамъиятӣ аст, ки бо ҳадафи муаррифӣ ва ҳифзи манфиатҳои рӯзноманигорон назди давлат таъсис шудааст. Бино бар ин сифати раиси ояндаи он бояд ба ин чиз мувофиқ бошад. Раиси ҷадид бояд ба гунаи аҳсан аз мушкилоти рӯзноманигорон бохабар ва дар миёни ҷомеаи журналистӣ нуфуз дошта бошад. Аз ҷониби дигар барои дифоъ аз мавқеи рӯзноманигорон дар назди сохторҳои давлатӣ аз мардонагӣ бархӯрдор бошад. Коре, ки ҳоло чандон осон нест. Аз ин рӯ, нафари мавриди назар бояд як дипломати хуб ҳам бошад. Акбари Саттор тамоми ин вижагиҳоро дошт ва пайдо кардани ҷойгузини комили ӯ кори сахте хоҳад буд.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)

Номзаде бошад, ки ҳам дар ҷомеаи журналистон обрӯ дошта бошад ва ҳам бо мақомоти ҳукуматӣ кор карда тавонад. Арзишҳои журналистикаро эътироф намуда, мансабдоронро ба эҳтироми он водор созад. Тамаллуқкору хушомадгӯ ва гаправ набошад. Мавқеи шахсӣ ва касбии ҳамкасбонро эътироф намояд. Худаш назар ва мавқеи принтсипалӣ дошта бошад. Манзурам назар ва мавқеъ дар иҷрои рисолат ва рушди рӯзноманигорӣ аст.

Бахтиёр ҲАМДАМОВ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ”

Раиси Иттифоқи журналистон бояд шахсе бошад, ки дар байни журналистон ва ниҳодҳои давлатӣ мисли як пул бошад. Шахсе бошад, ки байни тамоми ВАО тафриқа нагузорад, ки ин хусуӣ ё давлатӣ аст. Воқеан шахсе бошад, ки лоиҳаҳои густурда барои тарбияи журналистони ҷавоне, ки дар сатҳи байналмиллалӣ фаъолият мекунанд, роҳандозӣ кунад. Барои он ки ҳоло мо ягон журналисте надорем, ки дар сатҳи байналмилалӣ фаъолият кунад. Баъзе кишварҳои аз мо ақибмонда журналистони сатҳи байналмилалӣ доранд, ки бо дигар забонҳо озод суҳбат кардаву менависанд. Вале мутаассифона мо ин чизро надорем. Воқеан ҳам шахсе бошад, ки лоақал хислатҳои Акбари Сатторро дошта бошад. Акбари Саттор намеранҷид ва аз танқид наметарсид. Нафаре бошад, ки аз доираи журналистон бошад, таҷрибаи сардабирии ягон рӯзномаи давлати ё хусусиро дошта бошад.

Рустами ҶОНӢ, бунёдгузори рӯзномаи “Имрӯз News”, узви Раёсати Иттифоқи журналистон

Бояд раиси нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нафаре бошад, ки зиндагии Акбарро нағз донад ва ақалан кушиш кунад, иттифоқро дар ҳамон сатҳе, ки Акбари Саттор нигаҳ дошт, нигаҳ дорад. 

Ҷамила ҲУСЕЙНОВА, хабарнигори ҳафтаномаи “Чархи гардун”

Нафари беғараз, дипломат ва суханаш қадрдошта бошад. Ман дар ин курсӣ Нуралӣ Давлатро мебинам. 

Хилватшоҳи МАҲМУД, барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутии ИЖТ 

Аз ҳақ намегузарем, агар бигӯйем, ки то омадани Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор) ба раъси ИЖТ ин созмони бузургтарини ҷамъиятии хабарнигорон фақат бо ном вуҷуд дошту бас. Маҳз, талошу кушишҳои Акбар сабаб гашту ба ҷони “нимзиндаву ниммурда”-и Иттифоқи журналистон нерӯи нав дамид, кори ташкилот ба сабку услуби хос ба роҳ гузошта шуд, аъзои наву пешин гирди ҳам омаданд. Раиси ҷадиди ИЖТ ба назари банда, шахсе бояд бошад, ки аксари вакилони Анҷумани ғайринавбатӣ аз ӯ ҷонибдорӣ намоянд ва барои интихоби номзади эҳтимолӣ раъй бидиҳанд. Аз ҷумлаи пайравони мактаби ҳирфаии хабарнигорон бошад. Пойбанди ҳеч ҳизбу ҳаракат ва созмони сиёсӣ набошад. Ташкилотчӣ ва ҷавонмард бошад. Манфиати Миллат ва Ватанро болотар аз ҳар гуна манфиатҳои шахсиву гуруҳӣ донад. Ҳимояи шаъну шарафи хабарнигорон, дитфоъ аз ҳуқуқи онҳоро маҳаки аслии кори хеш қарор бидиҳад. Иртиботи ИЖТ-ро бо куллияи сохторҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ таъмин карда тавонад.

Зебо ТОҶИБОЕВА, раҳбари Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс”

Ростӣ, ин мавзӯро аслан дунболагирӣ намекунам ва намедонам, ҳоло чӣ касе метавонад роҳбарии Иттифоқи хабарнигоронро бар уҳда бигирад. Дар ҳар сурат, чунин шахсиятро ман намебинам. Албатта, дар гирду атроф хабарнигорони хуб ҳастанд, аммо медонем, ки ин кофӣ нест, то як нафар роҳбари иттифоқ бишавад. Марҳум Акбари Саттор дар қиёс бо дигарон метавонист бо ҳама забон ёбад. Ман шахсеро, ки тавонад дар гирди худ хабарнигоронро муттаҳид кунад ва ҳамчунин бо мақомот забон ёбад, намебинам. Ҳаминро мегӯям, ки дар садри иттифоқ ман шахси мансабдорро дидан намехоҳам.

Хуршеди АТОВУЛЛО, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ)

Касе бошад, ки хидмати Акбари Сатторро, ки як созмони мурдаро дубора зинда кард, ба замин назанад. Ба мисли ӯ бо ҳама баробар бошад, кордону дилёб бошад, маҳфилорою гули сабади хоҳ маъракаи журналистони ҳукуматӣ ва хоҳ хусусӣ бошад, ғуруру такаббур барояш бегона бошад. Ҳамеша аз манфиати журналистон - хоҳ корманди “Озодӣ”, хоҳ “Ҷумҳурият” дифоъ кунад, андешаи “ин журналист ҳукуматию он журналист озод аст”, надошта бошад. Дар имрӯза журналистикаи Тоҷикистон ман бадбахтона ин гуна шахсро намебинам. Афсус, ки ҷойи Акбарро касе наметавонад пур кунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, котиби масъули ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Дар назари аввал, нафареро намедонам, ки ҷои раҳматии Акбари Сатторро гирифта тавонад. Чун ӯ муносибаташ ҳам бо ВАО-и мустақилу ҳукуматӣ ва ҳам ҳукумат хуб буд. Раиси нави ИЖТ бояд ҳамингуна бошад. Бо ҳар ду тараф муносибат карда тавонад. Сипас иттифоқро, ба қавле, зинда кардан даркор. Давраи роҳбариаш Акбаралӣ Саттор дар ин самт корҳои зиёде кард, аммо ҳоло ҳам он шуҳратеро, ки бояд дошта бошад, ба даст оварда натавонист. ИЖТ то ҳол дафтари корӣ надорад, мисли Иттифоқи нависандагон. Хулоса раиси нав як нафаре бошад, ки аз каму косту пешрафти журналистикаи тоҷик бохабар бошад, дарди журналистонро донад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат карда тавонад. Ин шахс метавонад Рустами Ҷонӣ бошад.

Муҳибуллоҳ ҚУРБОН, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нигоҳ”

Раиси Иттиҳодияи журналистон пеш аз ҳама бомаърифат, боҷасорат, бовиҷдон, боғайрат, боинсоф, ботавозун ва мисли марҳум Акбаралии Саттор, боҳиммат, вале бемаҳал бошаду ҳамаро бо як чашм бинад. Имрӯз чун соҳаи журналистика, аз ҷумла, табъу нашр, дар вазъияти буҳронӣ ва вартаи муфлисшавӣ қарор дорад ва ҷиҳати моддии рӯзноманигори миёна поён рафтааст, раиси нав бояд дар ҳимоя ва дифои рӯзноманигорон ва барои ёфтани сарчашмаҳои моддиву молиявӣ мададгори онҳо бошад. Раиси нав бояд пуле гардад миёни журналистон ва ҳукумат, аммо на барои хабаркашиву сиёҳкунии ҳамкасбон, балки барои ба ҳукумат расонидани масъалаҳои ҳалталаби моддиву маънавии нашрияҳо ва ҳаммаслаконаш ва ҳимояи онҳо дар мавридҳои зарурӣ дар назди ҳукуматдорон. Раиси нав ҳатман ҳамаи нашрияҳоро бо як чашм бинад, ба давлативу хусусӣ ва ё ҷамъиятӣ будани онҳо ҳаргиз эътибор надиҳад. Раиси нав чун сарвари Иттифоқи журналистон мешавад, бояд мувофиқ ба номи ин ниҳод муттаҳидгар ва ҷамъкунанда бошад.

Сайёфи МИЗРОБ, муассиси ҳафтаномаи “СССР”

Бисёр корҳое ҳаст, ки Акбари Саттор дар ҳаққи журналистикаи тоҷик карда буду мо дар ҳақаш ҳеч чизе накардем. Вақте Кумитаи ёддошти бузургдошти хотири Акбарро гузаронданд, мо фикр кардем, ки журналистони тоҷик навиштаҳои хеле зиёд доранд ва мо онҳоро ба шакли як китоб чоп мекунем. Албатта он китоб аз ҳисоби мо мешавад, аз ҳисоби журналистони муҳтарам намешавад, ки метарсанду намеоранд. То имрӯз як нафар Нуруллоҳи Ориф аз “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки Акбарро қариб намешинохт як шеър овард, дигар ягон кас ягон матлабе наовардааст. Ман фикр мекунам матбуоти тоҷикро сар аз соли 2016 бисёр таҳдидҳои дохилию берунӣ ҳатман мудохила мекунад. Дар анна ҳамин давру замон шахсияте лозим аст, ки ҳатто аз Акбар, ҳарчанд аз Акбар хубашро намеёбем, андаке шахсияташ шинохтатар бошад. Ростӣ, намебинам нафареро, ки ҷойи Акбарро гирад, аммо аз миёни онҳое, ки ҳастанд шояд нафароне бошад, ки баъдан шахсият шаванд. Акбар шахсияте буд, ки баъд аз вай дар ҳуқуқҳои назари журналистӣ ягон нафареро шахсан ман бо он бузургӣ намебинам. Шояд ягон нафареро ба ҷойи ӯ меоранд. Зинатуллоҳи Исмоил, Рустами Ҷонӣ, Хуршеди Атовулло, Шарифи Ҳамдампур, Умари Шерхон аз ҳамин байн журналистони мо дар асоси як интихоботи озод садри худро интихоб кунанд, хеле хуб мешуд. Ман аслан намехоҳам мисли Иттифоқи нависандагон, мисле ки дӯсти хеле гиромии ман Низом Қосимро интихоб карданд, ҳамин гуна интихобот шавад. Ин ниҳоде нест, ки пулу мол дошта бошад, ин ниҳоди талошҳо, набардҳост. Тавассути ҳафтаномаи шумо расман эълон мекунам, ки худамро дар ин симмат ба ҳеч ваҷҳ дидан намехоҳам. Акбаралӣ рафиқи ман буд, ҳеч вақт намехоҳам, ки дар курсие бинишинам, ки бародари ман менишаст. Барои тамоми довталабони дигар барор мехоҳам. 

Акбари Саттор рӯзи 28 август дар сини 50-солагӣ даргузашт. Ӯ 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, фориғуттаҳсили факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград мебошад. Фаъолияти кории худро дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон бо номи “Садои Мардум” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп овардааст. Акбари Саттор мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" буд, ки 5 нашрия тобеи он аст.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер