Мактаби деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи марҳум Акбари Саттор гузошта шуд.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ба хабаргузории TojNews гуфт, имрӯз, 7-уми октябр дар иҷлосияи 3-юми даъвати 5-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мактаби №25-и деҳаи Мортеппа ба номи Акбари Саттор гузошта шуд. Рустои Мортеппа зодгоҳи Акбари Саттор, собиқ раҳбари Иттифоқи журналистон мебошад. Раиси ноҳия мегӯяд, инчунин тасмим доранд, як кӯчаеро дар маркази ноҳия ба номи Акбари Саттор гузоранд.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, инчунин дар ин маҷлис мактаби деҳаи Даҳбед ба номи Бӯрӣ Азизов,  Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ гузошта шудааст.

8-уми сентябр дар як ҳамоиш, ки ба муносибати Рӯзи ҳамраъйии байналмилалии журналистон ва ёдбуди Акбари Саттор баргузор шуда буд, созмонҳои журналистӣ пешниҳод карданд, ки мактаби деҳаи Мортеппа, дар ноҳияи Ҳисор ба исми Акбари Саттор гузошта шавад.

Усмон Сабзов мегӯяд, ки дар Маҷлиси вакилони халқ номгузории мактаби №25 ба номи Акбари Саттор бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллӣ сурат гирифт. Ба ин пешниҳод шуъбаи маориф ва аҳли сокинони деҳа низ ҷонибдоранд.

Журналист Акбари Саттор, ки раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд, 28-уми августи соли равон аз олам даргузашт.

Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортепаи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шуд. Аз миёни таҳсил ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ кардаву баъди бозгашт ба таҳсили худ идома додааст.

Аммо сар аз соли сеюм, аниқтараш аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санк-Петербург) таҳсил намуда, соли 1990 онро хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиашро аз рӯзномаи он замон машҳури “Тоҷикистони Советӣ” оғоз мекунад. Баъди ҳамагӣ чор моҳ ба рӯзномаи “Садои мардум” гузаштаву аз моҳи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи ин рӯзнома буд.

Як муддат аз журналистика канор рафта, ба кори тиҷорат машғул шуд. Бо гузашти ҳудуди ду сол бори дигар ба журналистика рӯ овард.  Нашрияи “Дайджест пресс”-ро таъсис дод ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияҳои русии Маскавро бозчоп мекард ва бо иловаи гӯшаву саҳифаҳои рекламавӣ ба фурӯш мебаровард. Бо ин васила чанд  нафар аз ҷумлаи журналистони кишварро бо ҷойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорӣ  дар он солҳо намедонистанд худро андармони чӣ коре кунанд, ки бурдаи нони беминнат ёбанд, аз фурӯши “Дайджест пресс” қут меёфтанд. Тадриҷан заминаи таъсиси рӯзномаи тоҷикии “Чархи гардун” низ фароҳам омад ва 25-уми апрели соли 1996 аввалин шумораи он аз чоп баромад...

Ва ӯ тадриҷан мактаби журналистикаи худро поягузорӣ кард, ки имрӯз бидуни шак касе наметавонад ва ҳақ ҳам надорад бидуни омӯзиши мактаби журналистии Акбари Саттор таърихи журналистикаи муосирро бинвисад. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то замони маргаш директори генерали ҶДММ “Чархи Гардун” буд, ки илова ба ин ҳафтаномаи хонданӣ боз нашрияҳоеро аз қабили  “Вечерний Душанбе», “Авиценна”, “Дайджест пресс», “Аладдин” , “Анушервон”, “Зан ва мард”-ро зери як ливо ба ҳам овардааст.

Акбари Саттор замоне сарварии Иттиҳоди журналистонро ба уҳда гирифт, ки созмон дар ҳоли варшикастагӣ қарор дошт. Бо гузашти солҳо ва  бо талошҳои зиёд муваффақ шуд, ки он ба як ташкилоти пешрафта табдил шавад. Ва имрӯз дар ҳама рӯйдоди вобаста ба ҳаёти журналистӣ аз аввалинҳо шуда садои Акбари Саттор шунида мешуд.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер