Як гурӯҳи 50-нафараи кормандони Телевизиони Сафина тарки кор кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони ин муссиса Зевар Давлатзода бо омаданаш бар сари вазифаи директорӣ ба онҳо имконияти кор карданро надодааст.Ва ба фаъолияти эҷодии аксарият низ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуда, бо омаданаш фавран рӯзноманигорон ва режиссёрҳое, ки ба таври шартномавӣ фаъолият мекарданд, озод карда гуфтааст, ки «бо шарномачиҳо кор намекунам». Аз ҷумла Зиё Сафаров, режиссёри собиқадору таҷрибаи хуби корӣ додашта, ки тариқи шартномавӣ фаъолият мекардааст, маҷбур шудааст, ки аз кор равад.

Бо гузашти 2 ҳафта коргардонҳои маъруфи кишвар ва журналистон ба мисли Мамадрабии Исмоил, Анзурат Назарзода рӯзноманигор, Насиба Бозорова рӯзноманигор, Манучеҳр Махмедов сардори идораи дизайн, Орзу Назаров сармуҳандис ва ғайра, ки дар маҷмӯъ беш 50 касро ташкил медиҳанд аз кор ронда шудаанд. Ва ихтисори кадрҳо ҳоло ҳам дар телевизион идома дорад.

Ба замми ин музди маоши миёнаи онҳоро низ кам кардааст. Яъне агар қаблан маоши як рӯзноманигор дар ин муассиса 1400 то 1500 сомониро ташкил медод, пас аз ба кор омадани хонум Давлатова он ба 1000 – 1100 сомонӣ поён рафтааст. Илова бар ин маоши нафарони нав ба кор омадаро зиёд карда шудааст.

Хамчунин ҳоло дар телевизион бештар вожаҳои "гуруҳи бачаҳои муаллима" ва "гуруҳи сиёҳпӯстон" забонзада шудааст, ки ба гуфти кормандонаш Давлатзода нафарони «худӣ»-ро ба ба ҷойи бачаҳои «бегона» ба кор овардааст.

Ҳамчунин Зевар Давлатзода дар рӯзҳои аввали ба кор омаданаш идораи тиҷоратиро ғайри қонунӣ хонда барҳам задааст. Аммо бо рафтани сардори қаблии ин идора Валихон, ба ҷойи ӯ Валиҷон ном корманд ба сари вазифа омада, идора аз нав ба кор шурӯъ кардааст. Чандин нафар аз кормандони ин муассиса бо навиштани аризаи худ аз кор рафтаанд. Вале ба таври ғаричашмдошт пас за ду ҳафта кормандони нав ба ин идора омадаанд.

Бархе аз кормандони аз ин телевизион рондашударо Шабакаи Якум ва Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» ба кор қабул намудаанд. Вале қисми дигаре ҳанӯзам дар ҷустӯҷӯи кор ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта масъулини Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои тафтиши телевизион омада, сабаби якбора тарк кардани кормандони эҷодиро аз Давлатзода пурсидаанд.

Ҳамчунин аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ гурӯҳе пас аз гирифтани мактуби шикоятӣ аз номи беш аз 20 нафар кормандони муассисаи мазкур онҷо барои тафтиш омадаанд.

Аксари собиқ кормандони ин телевизион сабаби дигари аз кор рафтанашонро дар муносибати дурушту даѓалонаи роҳбар ва нагузаштани вай аз «кўчаи роҳбарӣ» медонанд.

Шоҳона Одинаева, муовини директории Муассисаи давлатии «ТВС» дар робита ба ин қазия ба Faraj.tj гуфт, ки бо рафтани кормандон ӯ даст надорад ва ба кор гирифтану озод кардан низ ба салоҳияти ӯ алоқаманд нест.

Ёдовар мешавем, ки Давлатзода Зевар Маҳмудӣ, ки собиқ Директори Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» буд, моҳи июни соли равон ҷойи Лутфулло Давлатзодаро ишғол кард.

faaraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер