Субҳи 1-уми октябр як нафар аз шаҳри Ваҳдат, ки ба фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳои мустақил сарукор дорад, ба Faraj.tj дар мавриди аз дӯконаш «мусодира» гардидани шумораи навиҳафтаномаи «Фараж» шикоят намуд.

Ба қавли ин рӯзномафурӯш, рӯзи гузашта чанд нафар аз намояндагониҲукумати шаҳри Ваҳдат дар назди дӯкони ӯ ҳозир шуда, ҳамаи шумораи нави ҳафтаномаро «мусодира» карда, бе пардохти маблағ бо худ бурдаанд. Онҳо ба ӯ гуфтаанд, ки ба Ҳукумати шаҳр биёяд.

Рӯзномафурӯш аз сабабҳои чунин ранг гирифтани кор изҳори бехабарӣнамуда, гуфт, ки дар давоми чанд соли фаъолияташ бори аввал ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешавад. Аммо аз Ҳукумати шаҳри Ваҳдат нисбати чунин амал масъулин изҳори бехабарӣ намуданд. Ислом Ниёзов, раиси дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Ваҳдат дар сӯҳбати телефонии нимаи аввали рӯз бо Faraj.tj иброз дошт, ки аз чунин ҳолати кор хабар надорад ва ҳозир ба кор омадааст.

Ёдрас мешавем, ин амали масъулини шаҳри Ваҳдат ба нашри мақола зери сарлавҳаи «Фиреби президент» дар шумораи навбатииҳафтаномаи «Фараж» (№40), аз 30-юми сентяр вобаста мебошад. Дар ин мақола, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба нашр расид, сухан дар мавриди амалҳои сохтакоронаи масъулини шаҳри Ваҳдат зимни вохӯрӣ бо Президенти кишвар ва кушодани чандин иншооти нотамоми шаҳр меравад.

Дар мақола гуфта мешавад, зимни тадқиқоти журналистии гузаронидаи кормандони МТЖТ муайян карда шуд, ки ҳангоми аз тарафи Президент кушодани боғчаи шаҳрии «Бону» 150 нафар кӯдак аз дигар боғча оварда шуда, баъди чанд вақт кӯдакон ба ҷои аввала ва тамоми ҷиҳозу амволи кӯдакистон, аз қабили кровату ҷойхоб, качелику бозичаҳои кӯдакона ба соҳибонашон баргардонида шудаанд ва дари боғчаро қулф задаанд.

Шамсулло Фозилов

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер