Номи судяе, ки бовар кард Аминҷон Гулмуродзодаи шашсола ду бор аз ду кишвар шаҳодатномаи таваллуд гирифту ду сол аз озодӣ маҳрум бояд шавад, дубора дар сархати хабарҳо аст. Ин бор ӯ бо ҳукми қабулкардааш шаҳрвандонро ҳушдор дод, ки мабодо ба даргоҳи оҷонсии коррупсия барои шикоят аз порагирию порахоҳии мансабдорон нараванд, ки аз озодӣ маҳрум мешаванд.

Чанде пеш додраси Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муфаттиши ШКД-и ноҳияи Фирдавсиро, ки бо ҷурми ришваситонӣ муттаҳам мешуд, аз толори додгоҳ озод кард. Вале нафари миёнараве, ки гӯё муфаттишро «зора карда-зора карда» ба гирифтани пора маҷбур намудааст, ба ду соли зиндони шартӣ маҳкум шуд.

Бояд гуфт, ки Муҳаммад Назриев - муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе моҳи январи соли ҷорӣ бо иттиҳоми гирифтани 10 ҳазор доллар барои бегуноҳ баровардани ду гумонбари қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби мақомоти коррупсия боздошт шуда буд.

Зимни мурофиаи судӣ судя Исозода Хуршед, Муҳаммад Назриевро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба андозаи 700 нишондиҳанда, баробар ба 28 ҳазор сомонӣ ҷарима баст ва ду соли дигар аз ҳаққи ишғоли мансабҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳрум намуд.

Аммо Манучеҳр Абдураҳимов, ки боздошти Муҳаммад Назриев бар асоси шикояти ӯ сурат гирифта буд, бо моддаи 320, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати то ду сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Бояд қайд намуд, ки санаи 8-уми явари соли 2015 Тағойназаров Рустам Абдулҳакимович ва Саидов Хуршед Ҳикматуллоевич аз тарафи кормандони милитсия бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуда, ба ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ оварда мешаванд. Бародарони дастгиршудаи Тағойназаров аз ҳодиса огоҳ шуда, ба Абдураҳимов Манучеҳр Бозорович муроҷиат мекунанд. Абдураҳимов М. дар навбати худ аз шиносаш Назриев Муҳаммад Хакимович, муфаттиши ШВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ кӯмак мехоҳад. Назриев аз бегуноҳӣ ва ҷавоб додани Тағойназаров Р. А. огоҳ шуда, бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз мансабаш ба боварии Абдураҳимов М. даромада, иброз менамояд, ки кормандони оперативӣ барои озод намудани Тағойназаров Р. А. маблағи 10 ҳазор доллари ИМА талаб доранд. Баъди илтимоси зиёди М. Абдураҳимов ва Тағойназаров А. бародари дастгиршуда Тағойназаров Р. оид ба он, ки имконияти додани чунин маблағро надоранд, Назаров М. мегӯяд, ки худи ҳамон рӯз бояд 7 ҳазор ё 8 ҳазор доллари ИМА-ро оварда диҳанд. Рӯзи 9.01.2015 Абдураҳимов М. маблағи 7200 (ҳафт ҳазору дусад) доллари ИМА-ро ба дасти Назриев М. медиҳад, ки Назриев ин маблағро ба сифати пора барои худаш мегирад.

Ҳамчунин, Назриев дафъаи дуюм барои халосии Саидов Хуршед Ҳикматуллоевич, ки дар ҳабси пешакӣ қарор дошт, фаъолияти худро давом дода, аз Абдураҳимов М. 5 ҳазор доллар талаб менамояд.

Бинобар ин, падари Саидов Х., бародари Тағойназаров Р. - Тағойназаров А. ва Абдураҳимов М. 21-уми январи соли 2015 ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат менамоянд ва аз ҷониби ин мақомот муфаттиш Назриев М. дастгир мешавад.

Муфаттишро дастгир карданду пас аз 84 шабонарӯз раҳо карданд. Аммо чаро? Барои он, ки ӯ пули гирифтаашро баргардонидааст. Олиҷаноб! Чӣ қадр хуб аст ва чӣ қадар осон. Пора мегирем, вақте шикоят шуд, пораро месупорем. Аммо «тақдири» моддаи 319 чӣ мешуда бошаду ҳоли оҷонсии коррупсия чӣ? Чаро ҳам муфаттише, ки парвандаро пеш бурда буд ва ҳам додгоҳ (судя) моддаи 319-ро сарфи назар намуданд? Ҳол он ки ин модда мегӯяд, агар шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав пора гирад, панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, се соли дигар аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян барканор мешавад. Ё шояд ин «мақомоти боло» ҳақ доранд ҳангоми баррасии парванда моддаи 319-ро сарфи назар кунанд?!

Биёед рӯ ба ҳуқуқшиносон биёрем, ки дар ин бора чӣ назар доранд.

Раҳматилло Зойиров, адвокат

- Агар дар ҳақиқат банду баст бо модаи 319, яъне гирифтани пора бошад, порагиранда озод намешавад. Агар бо моддаи 247 - қаллобӣ бошад, дар он вақт шахс метавонад бо супоридани ҷарима озод шавад. Вале се сол аз вазифаи корӣ барканор карда мешавад. Дар ин ҷо муфаттиш парвандаро бо моддаи 247 ба додгоҳ пешниҳод намудааст. Аслан онҳо мехоҳанд ҳамкасби худашонро ҳимоя кунанд. Масалан, ман зимни бурдани парвандаҳо чандин корҳои ғайриқонунии муфаттишонро рӯи об баровардам. Бовар мекунед, муфаттишҳо намехоҳанд ягон парвандаро пеш баранд. Вақте ки парвандаро бо ягон мақомот мегиранд, боз кӯшиш мекунанд гунаҳкорро сафед кунанд. Зеро аз боло ҳам фармон мешавад, ки то имконият ҳаст, аз ҳамкасбатон ҳимоя кунед. Агар додситон парвандаи муфаттишро аз рӯи моддаи 319 ҳал накарда бошад, пас ин муфаттиш ҳоло ҳам барояшон лозим будааст…

Барои фаҳмидани он, ки чаро ҳам муфаттиш ва ҳам судя парвандаро танҳо аз рӯи қаллобӣ банду баст кардаанду моддаи 319-ро ба назар нагирифтаанд, як тафтишоти дигар гузаронидан лозим.

Ҳангоми дида баромадани парванда, вақте судя фаҳмид, ки дар таркиби ҷиноят моддаи 319, яъне порагирӣ вуҷуд дорад, бояд рафти парвандаро боз дораду аз сари нав тафтиш кунад.

Бояд қайд кунам, ки моддаи 17-и Конститутсия дар суд риоя намешавад. Вақте ки баробарӣ нест, аз ин ҷо ҳамаи чӣ оғоз меёбад. Агар воқеан ҳам Манучеҳр ба коррупсия шикоят карда бошад, вай бояд тамоман озод бошад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос :

- «Зимни моҳиятан баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ ва банду басти моддаҳои марбутаи Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон судя шояд ба хулоса омадааст, ки муфаттиш ва судя маслиҳати пешакӣ накардаанд ё чунин ҷиноятро такроран содир мекунанд, ё дигар ҳолатҳои вазнинкунанда ошкор нашудааст. Аммо фарзандону пайвандон, адвокат ё прокурор ба ҳукми суд розӣ набошанд, метавонанд ба суди зинаи болоӣ бо аризаи шикоятӣ ё эътироз муроҷиат намуда, адолати судиро барқарор кунанд.

Мутобиқи моддаи 4, банди 3-и Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон, татбиқи қонуни ҷиноятӣ аз рӯи қиёс манъ аст. Аммо дар ин ҳалномаи судӣ ба чашм мерасад, ки судя моддаи 319-ро бо моддаи 247 қиёс намудааст. Вале мо наметавонем «чой»-ро ба «кофе» нисбат дода, истеъмол намоем!»

Воқеан ин аввалин парвандаи пурсару садои судя Хуршед Исозода нест. Як моҳ муқаддам мавсуф журналист Аминҷон Гулмуродзодаро айбдор донист, ки дар шашсолагиаш рафта аз ду кишвар шаҳодатномаи қалбакӣ гирифтааст ва дар асоси он шиноснома гирифта онро истифода бурдааст. Парвандаҳои бо иштироки ин судя сурат мегирифта, шабеҳи жанри трагикомедия ҳастанд ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар идома ҳам ҳукммазҳакаҳои қабулмекардаи ин судяро, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дунё назир надоранд, пешкаш хоҳад кард.

Фазила ЯФТАЛИЕВА, МТЖТ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер