Асомуддин Атоев, раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ аснои суханронӣ дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон, ки дар Варшава идома дорад, сайтбандиҳо дар Тоҷикистонро ғайриқонуниву тахрибовар ё ба истилоҳ контрсозанда унвон кардааст. Ӯ ба яке аз уҳдадориҳои Тоҷикистон, ҳамчун узви САҲА -- дастрасии озод ба Интернет ишора намуда, гуфтааст, Ютубу Фейсбук аз охири моҳи август ва Одноклассникиву сомонаи Озодӣ аз оғози моҳи сентябр барои корбарони тоҷикистонӣ дастрас нестанд: “Масдуд ва маҳдудкуниҳои нофаҳмо ва ғайриқонунии интернет дар Тоҷикистон идома доранд. Чунин амал, ки бе ягон заминаи ҳуқуқӣ сурат мегирад, на танҳо ғайриқонунист, балки тахрибовар ё ба истилоҳ контрсозанда низ мебошад”.


Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ дар идома суханронии худ гуфта, чунин амали мақомот на танҳо ҳуқуқи шаҳрвандон, балки манфиатҳои иқтисодии кишварро поймол мекунад: “Барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар соҳаи телекоммуникатсия ҳамчун узви Созмони ҷаҳонии савдо, Тоҷикистон бояд танзимгари мустақили телекоммуникатсиониро таъсис диҳад. Мутаассифона, танзимгари кунунии ватанӣ ҳамагуна масъулиятро барои сомонабандиҳо инкор мекунад, ҳарчанд Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз ҳукумат таъмини озодиҳои дар доираи ҳамин Паймон кафолат додаро, бо шумули озодии баён ва дастрасии озодона ба Интернет, тақозо мекунад”. 

Ӯ ба намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат доранд, муроҷиат намуда, таъкид кардааст, “дар радифи уҳдадориҳои байналмилалии кишварамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дастрасии озод ба Интернет ва дигар сарчашмаҳои иттилоот, ба мисли хизматрасониҳои СМС/ММС, иҷоза диҳанд”. 

Аз ин пештар дар ҷаласаи САҲА Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар бораи вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон суҳбат карда буд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер