Искандари Фирӯз, яке аз хабарнигорони маъруфи тоҷик мегӯяд, бо гузашти 3-сол, тасмим гирифтааст нафареро, ки вайро бо мошин пахш кардааст, ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ диҳад.

Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, ки моҳи октябри соли 2012 соҳиби мошини тамғаи «Ландкрузер» ӯро пахш карда, гурехта буд, вале то ҳол ба ӯ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт накардааст.

-Бо гузашти се сол ба далеле, ки шахси айбдор дар он садама аз кишвар фирор кардааст, ман то ҳол як суми ҷубронпулиро пайдо накардаам. Ва гузашта аз ин, то ҳол он нафарро худам надидаам. Аммо ҳоло мехоҳам бо мусоидати вакилони дифоъ барои таҳти ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор додани ин гунаҳгор ба «Интерпол» муроҷиат намоем, - афзуд ҷаноби Фирӯз.

Ба гуфтаи Искандари Фирӯз, Нусратулло Шарипов нахуст ба Ⱪирғизистон ва сипас чойи дигаре рафтааст, дар ҳоле ки ӯро маҳкум базиндон карда буданду мебоист то ин дам адои ҷазо мекард.

Қобил ба зикр аст, ки бар асари садмаи нақлиётӣ дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе Искандари Фирӯз ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардошт. Он замон сабукрави тамғаи «Тайота Кэмрӣ»- и таҳти идораи Ҷавоншери Фирӯз (писари Искандар) бо мошини «Ландкрузер» таҳти идораи Шарипов бархӯрда буд. Шоҳидони ҳодиса он замон гуфта буданд, ки автомошинаи «Ландкрузер» дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, дар наздикии «Боғи ҳайвонот» самти ҳаркаташро дигар карда, ба тарафи муқобил баромадааст ва ба «Тайота Кэмрӣ» бархӯрдааст.

Он замон Искандари Фирӯз хабарнигори бахши форсии Би-Би-Сӣ буд. Ҳарду пои ӯ дар садама шикаста буд ва дар ҳолати кома қарор дошт. Гарчанде додгоҳ Шариповро ба пардохти 140 ҳазор сомонӣ чубронпулӣ ӯҳдадор карда буд, вале вай ҳатто дар тӯли як моҳи беҳушии Искандари Фирӯз ба бемористон наомада буд ва маблағро низ пардохт накардааст.

Faraj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер