Масъулини Дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, аз зуҳри 1 сентябр ба ин сӯ, ворид шудан ба торнамои онҳо бидуни филтиршикан ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати “Вавилон” ва “Телеком технолоҷӣ” дастрасӣ ба сомонаи онҳоро маҳдуд кардаанд.  Ин бори аввал нест, дастрасӣ ба сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Дар гузашта низ ин торнамо масдуд шуд ва Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз ин иқдом интиқод кард. Дар изҳороти сафорати ИМА таъкид мешуд, “мо пайваста нигаронии худро дар бораи маҳдудияти шабакаҳои интернетӣ ва баста шудани сомонаҳои хабарӣ бо ҳукумати Тоҷикистон матраҳ кардем. Дар баҳси озодии интернет, Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори шаффофият аст. Вақте идеяҳо маҳдуд ва ё масдуд мешаванд, иттилоот аз байн меравад, андешаҳо саркӯб мешаванд, ҳамаи мо аз имконоти шунидан ва табодули назар кардан маҳрум мешавем”.

Чанд рӯз қабл аз масдуд гардидани торнамои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дастрасӣ ба баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ва портали Ютуб низ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расонаи хусусӣ ва ғайритиҷоратиест, ки аз тарафи Конгресси Амрико таъмини молӣ мешавад ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Русия, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ба 28 забон барнома пахш мекунад. Сайти тоҷикии ин радио, ки тӯли бештар аз даҳ соли охир фаъол аст, аз торнамоҳои серхонанда дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер