Human Rights Watch аз мақомоти тоҷик даъват кардааст, ҳукми ду соли зиндони рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзодаро бекор кунад.

Ҳ. Вилиамсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар як гузорише гуфтааст, ин ҳукм мояи дилсардии ҷомеаи журналистии Тоҷикистон мешавад ва як намунаи дигари саркӯби озодии баён ва садоҳои мустақил аст: “Иттиҳомоти норӯшан алайҳи рӯзноманигор барои амалҳои замони кӯдакиаш баҳонаест барои ҳамлаи ошкоро ва бо ангезаи сиёсӣ алайҳи озодии баён”. 

Дар ин гузориш, ки имрӯз, якуми сентябр дар Берлини Олмон нашр шудааст, гуфта мешавад, “рӯзноманигоре мисли Гулмуродзода бояд нависад ва гузоришгарӣ кунад, на ин ки пушти миллаҳои зиндон беҳол шинад. Мақомоти тоҷик бояд дар зудтарин фурсат ҳукми Гулмуродзодаро бекор ва ӯро озод кунанд”. 

Ҳ. Вилиамсон таъкид кардааст, Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз хамӯш кардани садоҳои мустақил даст бикашад ва Гулмуродзодаву ҳамаи зиндониҳоеро, ки бо иттиҳоми сохта пушти панҷара нишастаанд, раҳо кунад. 

Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди Пайванди Гулмурод, бунёдгузории Рӯзи матбуоти тоҷик, рӯзи 18 август аз сӯи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо барои ду сол равони зиндон шуд. Гулмуродзода ҳамон рӯз баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер