Озмуни “Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон” миёни рӯзноманигорони Вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани васоити ахбори оммаи Тоҷикистон  (АМВАОТ) ташкил дода буд, ҷамъбаст гардид.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев дар ин озмун 17 мақолаю барномаҳои телевизионӣ ва радио ворид гардид, ки рӯзноманигорон Шералӣ Саидов, ғолиби ҷои аввал дар бахши телевизион ва радио ва Носирҷон Маъмурзода, дар бахши маводи онлайнӣ ғолиб дониста шуданд.  Ҳамчунин Бибирокия Абдуллоева, Амонҷон Маҳкамов, Маҳмудхоҷа Султонов ва Саидаҳмад Султонов ғолибони дигари ин озмун буданд.

Нуриддин Қаршибоев, сарвари Анҷумани васоити ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОТ) гуфт: “Ин озмун барои хабарнигорони  рӯзномаҳою нашрияҳои вилояти Хатлон дар чаҳорчӯбае эълон гардида буд, ки мо дар якҷоягӣ бо USAID дар самти ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ кардаистодаем ва мақсад аз амалӣ кардани ин лоиҳа пеш аз ҳама баланд бардоштани малакаи журналистон дар инъикоси масоили инъикоси замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон аст”.

Нуриддин Қаршибоев ҳамчунин зикр кард, ки ба ақидаи баъзе ҳамкасбон инъикоси масоили ислоҳоти замин чандон бозоргир нест ва тибқи ин лоиҳа журналистоне, ки дар ин мавхӯъ навиштанд ҳавасманд гардиданд: “Дар ин озмун онҳое ширкат варзиданд, ки  барномаи омӯзиширо қаблан фаро гирифта буданд ва малакаи худро дар инъикоси ин мавзӯъ баланд бардоштанд ва дар натиҷаи ҷамъбасти озмун чанд нафар аз ин рӯзноманигорон соҳиби диплом ва ҷоизаҳо гардиданд, ки ин барои минбаъд инъикос кардани ин мавзӯи муҳим, ки дар ҳаёти ҷумҳурии аграрии мо хеле муҳим аст ва мо фикр мекунем, ки ин озмун як таконе барои инъикоси хубтару босифаттари мавзуъҳо дар нашрияҳои минтақавӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ метавонад бошад”.

Odob.Tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер