Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷикро, ки ба ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ду сол равонаи зиндон шуд, қабул намудааст.

Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Гулмуродзода корманди он буд, ба “Озодагон” гуфт, дар арзизаи шикоятӣ гуфта шудааст, парванда ғайримунсифона ва ғайриобъективона баҳо дода шудааст ва Додгоҳи шаҳри Душанбе ба ин масъала расидагӣ кунад.

Номбурда иброз дошт, бо пешниҳоди арзизаи кассатсионӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтаанд, далелҳои пешниҳоднамудаи вакили мудофеи Аминҷон Гулмурозода дар мурофиаҳои додгоҳии Суди Исмоили Сомонӣ, ки бегуноҳии ӯро исбот мекард, ба инобат гирифта нашудаанд.

Аз ин пеш ҳамсари Гулмуродзода дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи шавҳараш шуда буд. 

Рӯзи 18 август Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард. Исозода Хуршед Искандар, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохта, ӯро барои ду сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард. Гулмуродзода баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.

Қаблан Абдумумин Каримзода, намояндаи прокуратураи шаҳри Душанбе аз додрас хоста буд, Аминҷон Гулмуродзодаро чор сол аз озодӣ маҳрум созад. 

Аминҷон Гулмуродзода дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 1989, вақте ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, марҳум -- Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шуда, онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Гулмуродзода моҳи апрели соли равон аз сӯи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, моҳи июл, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристодааст: “Прокуратураи пойтахт баъди баррасӣ парвандаи ҷиноятиро ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд”.

Хуршеди Атовулло, раҳбари МТЖ мегӯяд, “ҳарчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки “Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст”. 

Ҷаноби Атовулло меафзояд, "муфаттишон ба суоли асосӣ посух наёфтаанд, ки оё Гулмуродзода Пайванд Гулмурод аз гирифтани шаҳодатномаи қалбакӣ фарзандашро огоҳ кардааст ё не? Чунки шаҳодатномаро аслан дар кӯдакӣ волидон барои фарзанд мегиранд ва кӯдак наметавонад аз он ки ба ӯ дар тифлӣ ба чӣ ному насаб шаҳодатнома гирифтаанд, кай ва чӣ хел гирифтаанд, чӣ ном гузоштаанд, табиист, ки огоҳ буда наметавонад ва ҳам собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Гулмуродзода Пайванд Гулмурод - падари Аминҷон чанд сол аст, ки дар қайди ҳаёт нест ва наметавонад ин талаби муфаттишонро қонеъ кунад".

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер