Ҳамсари Гулмуродзода Аминҷон, журналист ва муҳаррири бахши русии сомонаи faraj.com.tj Ситора Сатторова бо ирсоли як номаи кушод аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хостори расидагӣ ба қазияи шавҳараш шудааст.

Ӯ дар номаи худ ба сардори давлат ҳамчун як модари ҷавон, ки даврони талабагӣ, донишҷӯӣ ва корияш маҳз дар давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон рост омадааст, муроҷиат карда, гуфтааст, ки ҳанӯз замони мактабхонӣ аз меҳрубонӣ ва ғамхориҳои падаронаи Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардум ба ваҷд меомад. Вале ҳеҷ гумон намекард, ки рӯзе ӯ ҳам ба дастгириву ғамхории хосаи сарвари давлат ниёзманд мегардад.

Ситора Сатторова аз суханронии президент дар иди Рӯзи модарон ёд карда, таъкид намудааст, ки баъди шунидани ин ҳарфҳо муҳаббат, ифтихор ва эҳтиромаш ба Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар гаштааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар он мулоқоте, ки бо фаъолзанони кишвар баргузор шуда буд, суханони сардори давлат дар бораи пос доштани оила, иззати шавҳар, парастории фарзандон ҳеҷ шахси солимақлро бетараф гузошта наметавонист.

Дар идома ӯ аз аз ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбати шавҳараш ёдовар шуда, қайд намудааст, ки хамткардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1998 дар мактаби миёнаи умумӣ, нашрияҳои «Омӯзгор» ва «Маърифати омӯзгор» фаъолият кардааст: «Бо шавҳарам Аминҷон Гулмуродзода (писари шодравон Пайванди Гулмурод, собик декани факултаи журналистикаи ДМТ) соли 2003 шинос шуда, соли 2007 оиладор шудам. Соҳиби 2 духтарча мебошам, ки яке аз онҳо маъюб (гирифтори бемории аутизм) буда, аз ҷиҳати асабоният ва ҳарф назадан моро сахт нигарон кардааст. Аз сабаби бемории духтарам хонашин буда, ба нигохубини ӯ машғул мебошам. Хароҷоти якмоҳа ва таъмини кӯдаки маъюбам наздики ду ҳазор сомонӣ дар як моҳ аст».

Ӯ аз шавҳараш ҳамчун як ҷавони воқеан рӯшанфикр, меҳнатӣ, оромтабиат ва босавод ном бурда, гуфтааст, ки дар ин муддати фаъолияташ дар нашрияҳову сомонаҳо борҳо бо мукофот сарфароз гашта, аз ҷумла, нишони "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро соҳиб шудааст.

Сатторрова гуфтааст, ки шавҳараш Аминҷон Гулмуродзода ба он айбдор мешавад, ки гӯё соли 1989 бо кӯмаки падараш - Пайванди Гулмурод аз бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и ноҳияи Рӯдакӣ шаҳодатномаи таваллуд гирифтааст, ки он гӯё қалбакӣ мебошад. Ба он хотир, ки бо ҳамон рақаме, ки шавҳараш шаҳодатнома гирифтааст, як нафари дигар ҳам ҳуҷҷат гирифта будааст.

Ӯ суол гузоштааст, ки «вале чаро гунаҳгор дигарон неву маҳз шавҳари ман бошад, ки он вақт ҳамагӣ 7 сол дошт?». Ҳол он ки, ба гуфтаи ӯ, дар ин кор ҳеҷ гуна сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шавҳараш сурат нагирифта, шаҳодатномаи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба шахсияташро дар доираи қонун гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, «кас ҳайрон мешавад: ҳатто вақте дар суд ҳамсоязан ва ҳамсабақони падараш аз таваллуди Аминҷон шаҳодат доданд, чӣ ҷои нобоварист?».

Ситора Сатторова гуфтааст, ки ҳайрати дигараш аз он аст, ки чаро ин даъво замони зинда будани устод неву баъди сари ӯ сар зад? Ба ақидаи ӯ, аҷобати дигар ин ки, вақте асноду далели зиёд шаҳрванди Тоҷикистон будани Аминҷонро исбот мекунанд, чаро маҳз дар синни 33-солагӣ қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳои ӯ маълум гаштанд? Ӯ гуфтааст, ки шояд ин ҷо асли гап сари тақсими мерос бошад?

Тавре ҳамсари Аминҷон Гулмуродзода қайд намудааст, ба ҷавоби дархосте, ки адвокати шавҳараш ба таваллудхонаи №2 муроҷиат кардааст, ҷавоб омадааст, ки аз сабаби боришоти шадид ҳамаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ (дар таҳхона будаанд) нобуд шудаанд. Ӯ суол гузоштааст, ки магар дар нобуд шудани ҳуҷҷатҳо ҳам шавҳари ӯ гунаҳкор аст?

Номбурда гуфтааст, ки дигар, ҳавлие, ки дар он аҳли оилаи Гулмуродзодаҳо иқомат мекард (дар ноҳияи Рӯдакӣ), ба падари шавҳараш аз модараш мерос монда буд. Дар он аз ҷумла шавҳараш, ӯ ва модари аслиаш низ истиқомат мекарданд: «Ин гуфтаро ҳуҷҷати бадастовардаи мо аз архиви ноҳияи Рӯдакӣ низ тасдиқ мекунад».

Ӯ дар охир бо арзи эҳтиром ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонидаст, ки шавҳараш ягона шахси таъминкунандаи зиндагии ӯву фарзандонаш буда, аслан ягон ҷинояте содир накардааст. Агар ин иштибоҳ ҷиноят ҳам бошад, ба ӯ, ки он замон ҳамагӣ 7 сол дошт, ҳеҷ иртиботе надорад.

Сатторова ба Эмомалӣ Раҳмон умед бастааст, ки ҳамчун ҳомии зиндагии ободи ҳар хонадони кишвар, аз ҷумла занону модарон ва маъюбон, ба дарди ӯву оилааш чорагар мешавад.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер