Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот”-и Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Faraj.tj гуфт, киҳадаф аз мӯҳр задани дари чопхонаи нашрия бастани забониҳизб аст.

- Дар фаъолияти чопхонаи мо чандон омили ҷиддие вуҷуд надорад, ки вобаста ба он дари чопхона баста шавад. Албатта, ҷое кор ҳаст, бе камбудӣ намешавад. Лекин барои ислоҳи камбудие, ки гӯё дар матбааиҳизб ошкор шудааст, бояд дари он боз бошад, то барои рафъи он чораҷӯӣ карда шавад. Вақте дари чопхона баста аст, оё мешавад камбудиро, ки вобаста ба тозагии дохили он аст, рафъ кард? Ин дарҳолест, ки чопхонаи мо ҳазорҳо маротиба поктару озодатар ва фарохтар аз дигар матбааҳо аст. Барои ҳамин, гуфтан мумкин аст, киҳадаф аз "ҳамла”-и ногаҳонӣ ва яку якбораи намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт” ва Идораи санитарӣ-эпидемиологӣ бастани забони ҳизб аст,- афзуд ӯ.

Сайфуллозода дар идома мегӯяд, ки айни замон бо намояндагони ниҳодҳои мазкур ба мувофиқа расидаанд, ба ҷуз намояндагони Идораи санитарӣ-эпидемиологӣ. Намояндагони ин ниҳод гуфтаанд, ки кореро наметавонанд анҷом диҳанд, бояд таҳқиқ кунанд.

- Мо намефаҳмем онҳо чиро бояд таҳқиқкунанд? Агар камбудӣ азҷиҳати санитарӣ бошад, бояд дарҳоро кушоянд, то барои рафъи он чораҷӯӣ намоем,- мегӯяд сардабири "Наҷот”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12-уми август намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, "Тоҷикстандарт” ва Идораи санитарӣ-эпидемиологӣ бо мактуби Вазорати фарҳанг ба қароргоҳи ҲНИТ рафта, гуфтаанд, ки бояд фаъолияти чопхонаро санҷиш намоянд. Дар пайи санҷиш гуфтаанд, ки фаъолияти матбаа бо далели мавҷуд будани камбудиҳои санитарӣ муваққатан боз дошта мешавад.

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер