Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ дар сайти интернетии www.nahzat.tj нисбати 2 сол зиндонӣ шудани Аминҷон Гулмуродзода изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки «маҳкум шудан ба хотири он, ки падараш гӯё шаҳодатномаи таваллуд гирифтаасту ва он ҳам пурра исботи худро наёфтааст, дуруст нест».

Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар сурати ҳамаҷониба таҳқиқ намудани ин масъала гуноҳ натанҳо аз ҷониби Аминҷон Гулмуродзода, балки аз ҷониби дигар масъулини ниҳодҳои давлатӣ низ сар задааст, ки онҳо ин ҳуҷҷатҳоро бо падари ӯ омода карда буданд.

- Таҳқиқи суд бояд ҳолатҳои чӣ гуна ин ҳуҷҷат ба дасти падари ӯ расиданашро муфассал меомӯхт, ҳуҷҷатҳои САҲШ бояд бардошта шуда, шоҳидон пурсида мешуданд,- мегӯяд номбурда.

Нисбат ба ҳукми содиршуда Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ин сайт гуфтааст, ки "азбаски Гулмуродзода узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст, мо омӯхта истодаем, ки то кадом дараҷа ин масъала дар суд мунсифона ҳал шудааст. Он ҳуҷҷатҳои қалбакиро, ки ӯ нагирифтаасту падараш ҳангоми кӯдакиаш гирифтааст, ин масъала низ омӯхта мешавад. Ба ҳар сурат, мо аз ин бародар ҳимоя хоҳем кард, то ҷое, ки имконият ба мо даст медиҳад».

faraj.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер