Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ) мегӯяд, дар робита ба қазияи додгоҳии журналист Аминҷон Гулмуродзода тадқиқоти журналистӣ анҷом хоҳанд дод. 

Ӯ чоршанбеи 19 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дирӯз гуруҳи журналистони тадқиқотгарро гирд оварда, нақшаи кориро кашидем. Ҳоло пайи ҷамъ овардани далелҳои радкунанда ҳастем”. Аминҷон Гулмуродзода сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-и МТЖ рӯзи 18 август бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ду сол аз озодӣ маҳрум шуд. Хуршед Исозода, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохт ва баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ӯ ба ҳасб гирфта шуд.

Хуршеди Атовулло мегӯяд, Гулмуродзода аз ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдааст.

Раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон афзуд, онҳо барои расидагӣ ба қазияи додгоҳии Гулмуродзода ба таври шифоҳӣ ба созмонҳои журналистии кишвар ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиат карданд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер