Чопхонаҳои шаҳри Душанбе аз нашри ҳафтаномаи ҲНИТ – “Наҷот” худдорӣ кардаанд.

19-уми август Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба TojNews гуфт, ки барои нашрия ҳафтанома ба чандин чопхонаҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла матбаи “Шарқи озод” ва ғайра муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол аз ягон матбаа барои нашр кардани ҳафтаномаи ҳизбӣ посухи мусбат дастрас накардаанд.

Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ки то нимаи дуюми рӯз талошро барои ҷустуҷӯи нашриёт идома медиҳанд.

 

Ҳафтаи гузашта аз ҷониби чанд ниҳод ба дари нашриёти “Муаттар”-и ҲНИТ, ки ҳафтаномаи “Наҷот” дар он нашр мешуд, муҳр задаанд.

12-уми август Шералӣ Саидов, раҳбари чопхона ба TojNews гуфта буд, ки як гуруҳ аз намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи андоз, “Тоҷикстандарт”, Идораи санитарӣ- эпидемиологӣ дар асоси мактуби вазорати фарҳанг дар чопхона санҷиш гузаронданд. Баъди санҷиш бо баҳонаи он, ки баъзе камбудиҳоро ба мисли надоштани оби гарм, аз нишондод зиёд нашр кардани ҳафтаномаи “Наҷот” ба дари чопхона муҳр задаанд.

Сомонаи расмии ҲНИТ муҳр задан ба дари чопхонаро “идомаи амаликунонии ҳамон барномаи "антинаҳзат” медонад, ки “тибқи тарҳу нақшаи мақомот амалӣ мегардад”.

“Он чанд "айбу гуноҳ”- е, ки меҳмонони нохонда аз матбааи "Муаттар” ба қавли худ ошкор карданд, ночизу сатҳист. Аммо мақомот муҳр бар дари матбаа зада, ваъда карданд, ки баъд аз ду рӯз иҷозат ба фаъолияти он хоҳад дод”, - омадааст дар сомонаи ҳизб.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер