Журналист Аминҷон Гулмуродзода аз болои ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод кардааст.

Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Хуршед Исозода ба faraj.tj хабар дод.

- Мо аризаи шикоятии Гулмуродзодаро дарҳол баъди эълони ҳукм қабул намудем. Он ҳукме, ки имрӯз баровардем, ҳанӯз эътибори қонунӣ нагирифтааст ва номбурда барои шикоят бурдан ҳуқуқ дорад,- гуфт Исозода Хуршед.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 КҶ ҶТ барои ду сол маҳкуми зиндон кард.

Faraj.Tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер