Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj-ро ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

Исозода Хуршед Искандар, додраси мурофиа Гулмуродзодаро дар асоси модаи 340, қисми 2 банди "а"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – тақаллуби ҳуҷҷат муҷрим шинохта, ӯро барои ду сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кард. Гулмуродзода баъд аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ ба ҳасб гирфта шуд.

 

Қаблан, Абдумумин Каримзода,намояндаи прокуратураи шаҳри Душанбе аз додрас хоста буд, Аминҷон Гулмуродзодаро чор сол аз озодӣ маҳрум созад. 

Аминҷон Гулмуродзода дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 1989, вақте ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, марҳум -- Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки ба гуфтаи мақомоти тафтишот қалбакӣ мебошад. Ба иддаои мақомоти тафтишотӣ Аминҷон бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шуда, онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Аминҷон Гулмуродзода корманди он буд мегӯяд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Гулмуродзода моҳи апрели соли равон аз сӯи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, моҳи июл, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристодааст:“Прокуратураи пойтахт баъди баррасӣ парвандаи ҷиноятиро ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд”.

Ozodagon.com

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер