Барои Аминҷон Гулмуродзода, журналисти тоҷик, сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj, ки бо дастрасии моддаи 340, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои «сохтакории шиноснома, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, ҳамчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ, такроран» айбдор дониста мешавад, айбдоркунандаи давлатӣ – намояндаи Прокуратураи шаҳри Душанбе Каримзода Абдумумин чор соли ҳабс талаб кардааст.

Ба иддаои мақомоти тафтишоти пешакӣ, Гулмуродзода Аминҷон гӯё соли 1989, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, шодравон Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки он, ба гуфтаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, қалбакӣ мебошад. Дар идомаи парвандаи ҷиноятӣ омадааст, ки Аминҷон гӯё бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст ва онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст.

Парвандаи ҷиноятиро нисбат ба журналисти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Гулмуродзода Аминҷон моҳи апрели соли равон Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, моҳи июл, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ, ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристод. Прокуратураи пойтахт баъди баррасӣ парвандаи ҷиноятиро ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.

Харчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки «Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст». Далели мазкур дар ин парванда ягона нест ва баъди ҳукми суд Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон натиҷаи тадқиқоти комили хешро дар ин маврид пешниҳод хоҳад кард.

Инчунин, муфаттишон ба суоли асосӣ посух наёфтаанд, ки оё Гулмуродзода Пайванд Гулмурод аз гирифтани шаҳодатномаи қалбакӣ фарзандашро огоҳ кардааст ё не? Чунки шаҳодатномаро аслан дар кӯдакӣ волидон барои фарзанд мегиранд ва кӯдак наметавонад аз он ки ба ӯ дар тифлӣ ба чӣ ному насаб шаҳодатнома гирифтаанд, кай ва чӣ хел гирифтаанд, чӣ ном гузоштаанд, табиист, ки огоҳ буда наметавонад ва ҳам собиқ декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Гулмуродзода Пайванд Гулмурод – падари Аминҷон чанд сол аст, ки дар қайди ҳаёт нест ва наметавонад ин талаби муфаттишонро қонеъ кунад.

Судя Хуршед Исозода дар анҷоми мурофиаи имрӯза, 17 август, баъди баромади айбдоркунандаи давлатӣ эълон кард, ки пагоҳ, 18 август, соати 8:30 баромади адвокатро мешунавад. Ҳамзамон судя чанд дархости имрӯз пешниҳодкардаи судшаванда ва адвокати ӯро ба назар нагирифт ва бо талаби прокурор рад кард. Адвокат изҳор дошт, ки барои баромад тайёр нест, аммо судя ин нуктаро комилан нодида гирифт. Ҳамин тавр, ба эҳтимоли зиёд мурофиа 18 август, соати 8:30, дар толори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, нисбат ба Аминҷон Гулмуродзода ҳукмашро эълон мекунад.

Дар қазияи мазкур чуну чароҳои зиёде ҳаст, ки пурра ноҳақ будани даъворо алайҳи Аминҷон Гулмуродзода собит месозад, аммо, ба қавли шоҳидон, судя баррасии парвандаро комилан яктарафа анҷом медиҳад ва дархости ҷониби ҷавобгарро умуман ба эътибор намегирад.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар ҳолати ҳукми ноҳақ баровардани суд, баррасии масъаларо пайгирӣ намояд ва аз созмонҳои журналистии кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои чопию интернетии Тоҷикистон ва хориҷ аз он даъват намояд, то ба қазияи Гулмуродзода Аминҷон дахолат намоянд.

Хуршед Ниёзов, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, faraj,tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер