Нашриёти «Пойтахт» дастури таълимии дотсент, мудири кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбуддин Мухториро таҳти унвони «Хадамоти матбуотӣ ва робита бо ҷомеа» аз нашр баровард.

Дастури таълимии мазкур, ки барои донишҷӯёни ихтисоси иттилоот ва робита бо ҷомеа, журналистика, дипломатия пешбинӣ шудааст, мухтасаран аз таърихи пайдоиши хадамоти матбуотӣ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, низом ва тарзи кори марказҳои матбуотӣ ва котибони матбуотӣ маълумот медиҳад. Инчунин дар ин китоб усул ва роҳҳои ҳамкории масъулони матбуотӣ бо намояндагони ВАО ва ҷомеа дарҷ гардидааст.

Ба ақидаи муаллифи дастурамал Қутбуддин Мухторӣ, соҳаи иттилоот давра ба давра ба яке аз объектҳои муҳими  идораи давлатӣ табдил ёфта, танзими дурусти он вазифаи муҳим мегардад. Моҳияти асосии идораи давлатии ин соҳаро сиёсати давлатии иттилоотӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, фаъолияти хадамоти матбуотиро мо ҳамчун тадбиқи сиёсати давлатии иттилоотонӣ бояд баррасӣ намоем.

Бо назардошти ин, барои   мутахассисони  ояндаи   иртибот  бо ҷомеа донистани ҳам назария ва ҳам амалия ниҳоят  муҳим аст.

Дар дастури таълимӣ усулҳои маъмултарини ташкил ва танзими фаъолияти хадамоти матбуотӣ дар идораҳои давлатӣ  оварда  шудаанд.

 

khovar.tj

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер