Заробиддин Қосимӣ, директори навтаъини хабаргузории давлатии “Ховар” сару садоҳо дар мавриди “дастур” ба муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати ироаи иттилоъ танҳо ба ин хабаргузориро бепоя хонд.

Ахиран, сару садоҳое баланд шуд, ки дар ҷаласаи рӯзи 30 июни Ҳукумати Тоҷикистон, дастуре содир шудааст, ки тибқи он гӯиё барои сохтору муассисаҳои давлатӣ мустақиман додани иттилоъ ба журналистони расонаҳои ғайридавлатиро манъ кардаанд.  Директори навтаъини “Ховар” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ин танҳо як хоҳиши мо ҳаст аз мақомоти давлатӣ, ки ба “Ховар” хабарҳоро пешниҳод кунанд. Ин ки дигар расонаҳои давлатӣ ахбори мақомоти давлатиро аз тариқи “Ховар” бигиранд, дар пешниҳоди мо набуд. Мо хоҳиш кардем, замони пахши ахбор аввал хабарро ба мо бидиҳанд, яъне моро фаромӯш накунанд. Инҷо ягон дастури ҳукумат вуҷуд надорад”.

Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш иттилое расонаӣ шуд, ки гӯиё бар пайи як дастур дар ҷаласаи рӯзи 30-юми июни ҳукумат минбаъд хабарнигорони расонаҳои мустақил иттилоотро аз мақомоти давлатӣ танҳо аз тариқи хабаргузории “Ховар” мегиранд.

Ozodagon

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер