Ба сохтору муассисаҳои давлатӣ мустақиман иттилоъ доданро ба журналистони расонаҳои ғайридавлатӣ манъ кардаанд. Минбаъд дастрасии расонаҳои ғайридавлатӣ ба иттилои расмӣ танҳо тавассути Агентии миллии иттилоотии “Ховар” сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ин дастур ба роҳбарияти корхонаҳои давлатӣ зимни ҷаласаи ахири ҳукумат, 30-юми июн дар Душанбе ироа шудааст. Муаллифи хабар менависад, дар чанде аз корхонаю ниҳодҳои давлатӣ, ба шарти ифшо накардани номашон, ин иттилоъро тасдиқ карда, гуфтаанд, «минбаъд ғайриҳукуматиҳо бояд танҳо бо мактуби расмӣ муроҷиат кунанд...”

То чопи ин шумора, ин хабарро, ки аввал Ожонсии иттилооти TojNews пахш кард, расман таъйид накарданд. Шояд ин дастур умуман расман шарҳ дода нашавад, ба ҳар сурат, агар чунин тасмим гирифта шуда бошад, дарвоқеъ бояд боиси нигаронии ҷомеаи журналистии кишвар гардад ва як дастури хавфнок арзёбӣ шавад. Аввал ба он хотир, ки чунин тасмим ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Моддаи 23

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” муассиса ва корхонаҳои давлатӣ ва мансабдорони онҳо вазифадоранд ба журналист иттилои заруриро дар муҳлати муқарраркардаи қонун пешниҳод кунанд.

Моддаи 23-и ҳамин қонун, ки муносибати воситаҳои ахбори оммаро бо мақомоти давлатӣ ва ташкилот ба танзим медарорад, мегӯяд:

1. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти аниқ ба даст орад.

2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд.

3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар мӯҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор, ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад.

4. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба маводи танқидӣ ва таҳлилии вобаста ба фаъолияташон, ки омӯзиши иловагиро талаб мекунанд, дар мӯҳлати на бештар аз ду ҳафтаи баъди рӯзи нашри (пахши) онҳо ба воситаи ахбори оммаи дахлдор ҷавоб диҳанд.

5. Дар ҳолати аз додани маълумот саркашӣ намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, намояндаи воситаи ахбори омма ба мақомоти болоӣ ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят карда метавонад....

Ин ҷо ҳар гуна шарҳ зиёдатӣ аст. Аммо агар ба назар гирем, ки қонуни нави матбуот, - ҳамон Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” – и нав соли 2013 қабул шудааст, чунин як тасмимро метавон нишонаи заъфи ҳукумат дар самти сиёсати иттилоотӣ унвон кард.

Ба ибораи дигар, зӯракӣ як самти асосии сиёсати давлатро то ҳадди АМИТ Ховар маҳдуд кардан аст. Ин гуна сиёсат “оё ба амвоҷи иттилоотии ҷаҳони муосир тоб меорад, ё не?” саволи риторикӣ аст, албатта.

Пушти дастур

Аммо ин савол воқеан ҷавоб мехоҳад, ки бо бастани роҳи як гуруҳи журналистон ба ниҳодҳои давлатӣ ба чӣ натиҷа расидан мумкин аст? Дар фазои иттилоотии имрӯз иттилоъ ҳар соату ҳар лаҳза куҳна мешавад. Ба гумон аст, ки дар чунин шароит касе ба ниҳодҳои давлатӣ мактуб карда, се рӯзи қонунӣ (баъзан як моҳу ду моҳ) интизори посухи расмӣ ба саволҳо нишинад. Ба хонандаи имрӯз хабари дирӯза ҷолиб нест. Дар чунин ҳол, роҳи ягонаи расонаҳо рӯ овардан ба манобеи ғайрирасмӣ хоҳад буд, ки ин ба ҳич ваҷҳ ба манфиати давлати Тоҷикистон нахоҳад буд. Дурусттараш, ҳар касе ин фармон, амр ё дастурро агар дод, як қадам ба тарафи суқути давлатдории миллии Тоҷикистон рафт. Чӣ тавр? Вақте иттилои расмӣ маҳдуд шуду ҷои онро иттилои ғайрирасмӣ ё аз манобеъи мухолифони давлат мегирад, ҷанги иттилоотиро ҳукумат ба мухолифонаш бой медиҳад. “Ба доно як ишорат!” – аз ин зиёд ман наметавонам ба ҳукуматдорон фаҳмонам. Шахсан барои ман иттилои фачу лач ва яктарафае, ки як мансабдори чаласавод медиҳад, зарур нест.

Ҷомеаи журналистӣ манофеи миллию давлатиро хуб мефаҳмад. Мисолҳои алоҳидае аз ҳаводиси чанд соли ахир метавон овард, ки расонаҳои ғайридавлатӣ дар ҳифзи манофеи миллӣ ва давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотӣ дар паҳлӯи ҳукумат истода буданд. Масалан, ҳамлаи иттилоотӣ ба сохтмони НБО Роғун, ҷанги иттилоотӣ бо ДОИШ ва ғ.

Аммо чунин иқдом – маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот барои расонаҳои мустақил ба гумони ғолиб натиҷаи баракс хоҳад дод, ки журналистонро ба давлатӣ ва ғайридавлтӣ ҷудо мекунад. Аз ҷониби дигар, инро метавон шуруъи марҳалаи аз миён бурдани матбуоти мустақил дар Тоҷикистон метавон талаққӣ кард. Тарҳе, ки бояд дар баробари барномаи “антинаҳзат” иҷро шавад.

Ҳоло дар ҷомеаи журналистии тоҷик, ки гоҳо байни худ, аз тақсим шудани нашрияҳои ғайридавлатӣ ба маҳалҳо шикоят доранд, шояд касоне фол ҳам мезананд: чунин тасмим ба нав шудани раҳбарияти АМИТ “Ховар” чӣ рабте дошта метавонад? Ҳарчӣ набошад, тарҳи сомонаи агентии давлатӣ баъди як ҳафтаи нав шудани раҳбарият, иваз  нав шуд. Чӣ мегӯед, ки дар мо ин гапи хеле калон аст: Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон то ҳол сайт надоштааст! Тасаввур мекунед?

Умари ТОҲИР

Бознашр аз "Нигоҳ", чоршанбе, №14 (447), 01.01.2015.

Tojnews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер