Бо қарори Конфронси муассисон аз 30 октябри соли 2009 тасдиқ шудааст

Боби 1. Муқаррароти умумӣ 1.1.

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Точикистон (минбаъд - Шӯро) мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд. 1.2. Шӯро ҳуқуқи шарҳу тафсири расмии Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро дорад. 1.3. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қазия ба ӯ дахл дорад, ба Шӯро бо ариза муроҷиат карда метавонад. Инчунин Шӯро метавонад бо ташаббуси худ барои баррасӣ масъала матраҳ кунад.

1.4. Шӯро дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои соҳавии ВАО, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад. 1.5. Шӯро воситахои ахбори омма ва журналистонеро, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф мекунанд, сарфи назар аз он ки дар ВАО-и ҳукуматӣ, хусусӣ, ҳизбӣ фаъолият доранд ё журналисти мустақил мебошанд, муттаҳид мекунад. 1.6. Шӯрои ВАО татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро таъмин намуда, маводро оид ба баҳс миёни ВАО ва ҷомеа, мақомоти ҳокимият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ, аз ҷумла моҷарои касбии миёни рузноманигорон, ки ба масъалаҳои одоби касбӣ дахл мекунад, баррасӣ мекунад. 1.7. Ҳангоми фаъолият Шӯро мақсадҳои зеринро пайгирӣ мекунад: 1.7.1. ташаккули фарҳанги касбӣ ва журналистикаи поквиҷдонона; 1.7.2. барқарорсозӣ ва таҳкими боварӣ ба ВАО; 1.7.3. таҳкими озодии ВАО дар кишвар; 1.7.4. ҳимояи мустақилияти касбӣ дар ВАО; 1.8. Ҳангоми баррасии шикоят Шӯро ба он ҷахд менамояд, ки: 1.8.1. муколамаи созанда миёни тарафҳои баҳс таъмин гардад; 1.8.2. иштирокчиёни баҳс меъёрҳои муқарраргардидаи байналмилалии ахлоқи журналистӣ ва зарурати истифодаи онҳоро дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ дарк намоянд. 1.9. Муассисони Шӯро: Созмонҳои журналистӣ ва ВАО-и Тоҷикистон Боби 2. Тартиби таъсиси Шӯро 2.1. Шӯро аз намояндагони ВАО ва созмонҳои журналистӣ таъсис дода мешавад. Номзадҳо ба ҳайати Шӯро аз ҷониби муассисон, ҳайати эҷодии дигар ВАО ва иттиҳодияҳои журналистие, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро эътироф намудаанд, пешбарӣ карда мешаванд. Аъзои Шӯро дар конфронси муштараки муассисон ба таври алтернативӣ пешниҳод ва ба муддати се сол интихоб карда мешаванд. Шӯро аз 9 нафар иборат мебошад. Аъзои Шӯро на бештар аз ду мӯҳлат ҳаққи интихоб шуданро дорад. Ба маҷлисҳои Шӯро яке аз аъзои он бо навбат роҳбарӣ мекунад. 2.2. Аъзои Шӯро фаъолияти худро дар асоси ҷамъиятӣ, бидуни маош пеш мебаранд. Раиси Шӯро аз ҷумлаи � ШӮРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - Администрирование

Версия 1.5.21 ШӮРОИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Сообщение
  • Успешно сохранены изменения в материале : Низомномаи шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон
 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер