Раҳбарони телевизионҳои давлатии “Сафина”, “Баҳористон", хабаргузории расмии "Ховар", радиои Тоҷикистон ва ҳафтаномаи “Ҷумҳурият” аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, 19-уми июн Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Қаландарбекова Назира Амирбековна, ки то ин вақт директори муассисаи давлатии телевизиони Бадахшон буд, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд.

Амирзода Дилафрӯз Субҳон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид.

Заробиддин Қосимӣ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд.

Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин карда шуд.

Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид.

Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович директори генералии ҶСК “Телерадиоком”, Ализода Суҳроб Маҳмуд сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва Зиёев Фаррух Давлатович директори радиои Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо сабаби расидан ба синни нафақа Муҳаммад Ғоиб аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Ализода Абдурашид аз вазифаи директори радиои Тоҷикистон рухсат дода шуданд.

Давлатзода Лутфулло Саъдулло аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин карда шуд.

Сангов Муродалӣ Маҳмадиевич ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъин гардида, Сайдамир Ҷононов бо сабаби расидан ба синни нафақа аз ин вазифа озод карда шуд.

Гадоиён Шокирҷон Гадо директори муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор” таъин гардид.

Акрамзода Парвиз Акрам муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода, Холова Солеҳа Холмаҳмадовна ва Собиров Ғафурҷон Мирзоалиевич муовинони раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав дар ин соҳаҳо таъингардида кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер