Баъд аз нимирӯзии 28-уми май бархе аз фароҳамоварони хадамоти интернетӣ дастрасии муштариёнро дар Тоҷикистон ба як қатор сомонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ маҳдуд кардаанд.

Баъд аз нимирӯзии 28-уми май бархе аз фароҳамоварони хадамоти интернетӣ дастрасии муштариёни худро дар Тоҷикистон ба сомонаҳои Радиои Озодӣ, "Азия-Плюс", Ютюб, “Одноклассники” ва “В контакте” маҳдуд кардаанд. Даҳо нафар аз хонандагони торнамои Радиои Озодӣ аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки ба ин сомона ва ҳамчунин шабакаи Ютюб, порталҳои Одноклассники” ва “В контакте” дастрасӣ надоранд.

Ин шикоят асосан аз забони муштариёни ширкатҳои “Вавилон”, “Индиго”, “Тоҷиктелеком” ва "Мегафон" садо медиҳад. Эҳтимол меравад, ширкатҳои дигар низ роҳи муштариёни худро ба ин сомонаҳо баста бошанд.

Яке аз корбарони интернет дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ба торнамои Радиои Озодӣ танҳо бо ёрии филтршикан даромада тавонистааст. Вай худро муштарии ширкати “Билайн” номид.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияи иттилоотӣ рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, вай бар ин аст, ки ширкатҳои мазкур барои бастани ин сомонаҳо аз Хадамоти алоқа дастури шифоҳӣ гирифтаанд. "Сабабаш ҳам маълум аст, -- афзуд ҷаноби Атоев, -- ин нашри хабарҳо дар бораи видеои полковники ОМОН, вале бастани сомонаҳо роҳи ҳалли мушкил нест ва хилофи ҳуқуқи муштариён ба маълумот аст."

Ҳарчанд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасии муштариёнро ба сомонаҳо рад мекунад, сафи шикояткунандагон рӯ ба афзоиш дорад ва ҳисобкунакҳои Гугл ва Адоб нишон медиҳанд, ки шумораи воридшавандагон ба сомонаи Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба таври ғайримуқаррарӣ кам буда, он ҳам рӯ ба коҳиш дорад.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо дастрасии муштариёнро ба сомонаҳои гуногун, аз ҷумла Радиои Озодӣ, Фейсбук ва Ютюб маҳдуд кардаанд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон танҳо бархе аз чунин мавридҳоро эътироф карда, онро ба “мушкили фаннӣ” бастагӣ додааст.

Қатъи дастрасӣ ба торнамои Радиои Озодӣ дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки он яке аз аввалин расонаҳои ахбори ом буд, ки дар бораи рӯ задани видеои Гулмурод Ҳалимов дар бораи ба сафи "Давлати Исломӣ" пайвастани полковники бенишоншудаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ozodi

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер