- Шумо бо таҷрибаи ВАО дар ҷаҳон ошно ҳастед. Ба мақоми ниҳодҳои худтанзимкунӣ чӣ назар доред?

- Ба андешаи ман, ниҳодҳои худтанзимкунӣ барои танзими фаъолияти журналистон, хабаргузориҳо ниҳодҳои судманд мебошанд, яъне чунин ниҳодҳо дар фаъолияти журналистӣ нақши хеле муҳим мебозанд. Пеш аз он, ки баҳси иттилоотӣ ба додгоҳ равад, одамони боинсоф ва ба қонун арҷгузор метавонанд аввал тибқи меъёрҳои қонунии барои баррасии чунин баҳсҳои иттилотӣ муқарраргашта амал карда, баҳсро бо маслиҳати муштарак ҳаллу фасл намуда, масъаларо то марҳалаи суд хал намоянд. Бо ин роҳ, бисёр  мушкилот дар фазои  ВАО бартараф мегардид. Дар ҳама ҳолат хуб мешуд, ки журналистон ва даъвогарон баҳсашонро бо роҳи қонунӣ ба таври мутамадин ҳал кунанд ва аз доираи ахлоқ ва қонун берун қадам нагузоранд. Дар ҳолати риоя накардани меъёрҳои ахлоқ ва қонун барои ба дӯши худ гирифтани масъулият омода бошем.

- Барои вусъат додан бахшидан ба фаъолити Шӯрои ВАО ва таҳкими меъёрҳои ахлоқӣ чӣ кор бояд кард?

- Ба назари ман, дар ибтидо сатҳи фаҳмиш ва масъулияти худи журналистон ва сармуҳарриронро баланд бардоштан зарур аст. Мо бояд масъулиятро ҳам дар назди худ, ҳам дар назди хонандагонамон, инчунин дар назди ҳамкасбон ва ҷомеа эҳсос карда, дарк намоем, ки Шӯрои ВАО сохторе аст, ки шояд дар ҷамъият беназир бошад. Зеро масъулияти созмони мазкур хеле баланд ва нақши он хеле муҳим буда, ҳам бо нашрияҳои хусусӣ ва ҳам бо нащрияҳои давлатӣ бояд муносибати  яксон дошта бошад. Ҳамин масъаларо бояд пеш аз ҳама худи мо – журналистон дуруст дарк кунем.

- Назаратонро оид ба вазъи имрӯзаи ВАО дар Тоҷикистон мегуфтед. ВАО тоҷик имрӯз ба кадом дастовардҳо ноил гашта, бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ аст?

-  Якум, ҳоло мо дар вазъияти иқтисодии хеле мураккаб қарор дорем, ки он натиҷаи таъсири бӯҳрони иқтисодии имсола аст. Пештар ҳам вазъият чандон хуб набуд. Азбаски расонаҳои хабарӣ дар ҳар як кишвар пеш аз ҳама ҳамчун ширкати хусусӣ фаъолият мекунанд, аз ин рӯ сатҳи рушди ВАО ба сатҳи рушди ҷомеа, ба иқтисодиёт, маънавиёт ва сиёсати он алоқамандии зич дорад. Иқтисодиёти бозорӣ дар кишвари мо чандон рушд накардааст, даромад аз фурӯши рӯзнома, аз реклама ва сарчашмаҳои дигар то ҳол хеле маҳдуд аст. Бинобар ин, воситаҳои ахбори омма низ наметавонанд рушд кунанд ва сатҳи техникии фаъолияти худро баланд бардоранд. Бо вуҷуди он ки аз ҷиҳати озодии сухан ва фаъолияти расонаҳои хабарӣ аз баъзе кишварҳои ҳамсоя дар вазъи нисбатан беҳтар қарор дошта бошем ҳам, вале аз тарафи дигар  мушкилоти ҷиддӣ низ дорем. То ҳол дар кишварамон мавзӯъҳое вуҷуд доранд, ки баррасии озодани онҳо шояд ба расонаи хабарӣ ва журналистон хатар эҷод кунанд. Болои журналистон ва расонаҳои хабарӣ фишор зиёд аст, дар баъзе мавридҳо дастрас намудани иттилоот хеле мушкил аст.

- Барои рушди озодии ВАО дар Тоҷикистон кадом иқдом  бояд роҳандозӣ шавад?  Мақоми созмонҳои рӯзноманигорӣ дар ин ҷабҳа бояд чӣ гуна бошад?

- Ҷамъияти мо бояд ба пеш ҳаракат кунад. Худи мо ҳам як ҷузъи ҳамин ҷомеа ҳастем. Агар сатҳи дониш баланд шавад, сатҳи касбияти журналистон ҳам беҳтар мешавад. Ниҳодҳои амсоли Шӯрои ВАО бояд як ниҳоди дар байни ҷомеа дар маҷмӯъ, аз ҷумла журналистон боэътибор  бошад ва манфиатҳои ВАО ва мушкилоти журналистон ва ВАО-ро ба сохторҳои давлатӣ расонда, манфиатҳои воситаҳои ахбори оммаро ҳимоя карда тавонад. Яъне вазифаи миёнаравиро иҷро кунад.

Сӯҳбати Рухшона Ҳакиомва

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер