Имрӯз дар идораи нашрияи «СССР» вохӯрии Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо бо иштироки якчанд нафар рӯзноманигорон доир гардид.Дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон ҳунарманд иброз намуд, ки пас аз иҷрои нақши «Рӯдакӣ» ки намоиш дода нашудааст, Вазорати фарҳанг ӯро дар ягон театри кишвар ба кор нагирифтааст.Қобил ба зикр аст, ки бо ташаббуси ҳафтаномаи «СССР» ва «Тоҷиккино» 14 филми Ҳошим Гадоро гирдоварӣ кардаанд.

Дар рафти сӯҳбат сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб иброз намуд:- Ин аввалин иқдом аст, ки бо идеяи ҳафтанома ва бо ҳамкории «Тоҷиккино» амалӣ шудааст. Мо ин корро давом медиҳем ва ҳосили эҷоди бархе аз ҳунармандони дигарро низ ҷамъоварӣ менамоем.Ходандагони гиромӣ метавонанд дар шумораи навбатии «Фараж» шарҳи бештари ин мавзӯро мутолиа намоянд.

Комрони Аслон, "Фараж"

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер