Натиҷаи як пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки 15 шабакаи телевизионии мустақил дар Тоҷикистон ҳеҷ яке студияи онлайнӣ надорад.Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 25 май дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои пажӯҳиши ин созмони иҷтимоӣ дар миёни 15 шабакаи телевизиониро эълон кард.

 

Зинатуллоҳи Исмоил, раҳбари ин ассосиатсия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадафи ин пажӯҳишро муайян намудани иқтидори фаннии шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар давраи гузариш ба пахши рақамӣ унвон кард. Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Исмоил, пажӯҳиш тариқи сӯҳбат бо раҳбарони шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст.

Ба таъкиди ҷаноби Исмоилов, тибқи ин пурсиш маълум шуд, ки аз миёни 15 шабакаи мустақили телевизионӣ, танҳо дуи он аз таҷҳизоти анологӣ ва дар 13 шабакаи дигар таҷҳизоти рақамии наворбардорӣ истифода мешавад, ки ин таҷҳизот бинобар ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуданашон, ба сифати наворҳо таъсир мекунанд ва худи мутахассионро низ қонеъ намегардонанд. Ин пажӯҳиш собит кардааст, ки дар 7 шабакаи мустақили телевизионӣ иқтидори фиристандаҳо аз 100 то 300 ваттро ташкил медихад, ки нокифоя аст. Ҳамчунин дар 10 шабакаи телевизионии пурсидашуда, нақлиёти махсус, барои наворбардорӣ вуҷуд надорад.

Зимнан, шабакаҳои мустақили телевизионӣ, ки аз аввали солҳои 90-уми асри 20 ба фаъолият оғоз кардаанд, имрўз дар ташаккули фазои иттилоотии кишвар саҳми муҳиме доранд. Новобаста ба имконоти хеле маҳдуди фанниву истеҳсолӣ онҳо барои расонидани ахбори маҳаллӣ ба мардум талош мекунанд ва дар пурра намудани фазои иттилоотии Тоҷикистон саҳмгузоранд.

Пажӯҳиши ахири Асосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии Тоҷикистонбо мусоидати дафтари намояндагии «Интернюс Нетворк» дар Тоҷикистон анҷом шуда ва тамоюли рушди телевизионҳои маҳаллиро дарбар гирифта, натиҷаҳои он барои мушаххас намудани сарнавишти шабакаҳои мустақили телевизионӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ корбаст шуда метавонанд.

Ozodi

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер