Имрӯз дар дар ҷаҳон воситаҳои мухталифи муошират ва ибрози афкор вуҷуд доранд, ки қисмати зиёди он ба имкониятҳои техникаи ҳозиразамон вобастагӣ доранд ва муҳимтарини он шабакаҳои компютерии – Интернет мебошад. Дар навбати худ ин вобастагии қавӣ бар он дорад, ки инсоният дар тӯли садсолаи охир ба дастовардҳои беназире дар соҳаи илм ва техника ноил гардид, ки он барои фаъолияти минбаъдаи башарият равзанаи наверо боз кард. Ба миён омадан ва рушд намудани техникаи рақамӣ ва компютерӣ дар олами муошират ва ҳамкориҳо як гардиши куллеро ба вуҷуд овард.

Бояд тазаккур дод, ки Интернет чун тунбоде бо суръат дар саросари дунё доман паҳн намуда, доираи мизоҷонашро густурдатар менамояд. Торҳои танидаи он чун анкабут саросари сайёраро печонидаанд. Аз ин рӯ тамоми инсоният ба маризии интернет-инсон, инсон-интернет гардидааст, ки худро як лаҳза бидуни он тасавур карда наметавонад. Мо сари ҳар қадам шоҳиди он мешавем, ки ҷавонон бо истифода аз алоқаи мобилӣ ва ё компютерӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо намуда, барои хеш иттилоот меҷӯянд ва ё майдони баҳсеро думболагирӣ менамоянд. Аз рӯи нишондодҳои CММ то кунун 177 кишвари дунё аз Интернет истифода мекунанд. Айни замон истифодабарандагони Интернет дар ин кишварҳо 2,26 миллиардро дар бар мегирад.

Агар мо ин нишондодро ба шакли дигар радабандӣ намоем он дар Исландия 95%, Германия 83%, ИМА 77,9 %, Россия 49 %, Чин 38,3 %, Озорбойҷон 50%, Қазоқистон 45%, Белоруссия 39,6 %, Молдавия 38%, Гурҷистон 36,6%, Узбекистон 30,2%, Кирғизистон 20%, Тоҷикистон 13%  ва дар Туркманистон бошад ҳамагӣ 5% аҳолиро фаро мегирад.

Аз рӯи нишондоди директори асотсиатсияи интернет-провайдерҳои Тоҷикистон Парвина Ибодова то феврали 2015 истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон 1,6 млн нафарро дар бар мегирифт. Аз рӯи гуфтаи ӯ дар ду соли охир шумораи пайвастшавандагон ба интернет бо кӯмаки телефонҳои мобилӣ бо суръат афзудааст, ки теъдоди онҳо 600 ҳазорро дар бар мегирад. Айни замон аз 7.5 млн нафар аҳолии Тоҷикистон 80% ба алоқаи мобилӣ дастрасӣ доранд, ки он барои рушди интернети мобилӣ мусоидат менамояд. Дар Тоҷикистон то феврали 2015 зиёда аз 6 млн истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чӣ тавре ки мебинем, Интернет дар ҳақиқат усули навтарин ва манбаи бисёрҷабҳаи коммуникатсионӣ буда, бо фарогирии имкониятҳояш то андозае дар тамоми ҷаҳон расонаҳои чопӣ, радио ва телевизонро паси сар гузошта, доираи муштариёнашро рӯз то рӯз васеътар менамояд. Агар чанд сол пештар шумораи истифодабарандагони Интернет ҳамагӣ чандсад нафарро ташкил диҳад, имрӯз шумораашон дар Тоҷикистон ба 1,6 млн нафармерасад, ки ин нишондоди басо назаррас аст.

Ҳамаи ин далолат аз он мекунад, ки рушди интернет дар Тоҷикистон босуръат меафзояд. Ин дар навбати аввал бисёр хуб аст. Вале бояд иқрор шуд, ки бо афзудани теъдоди истифодабарандагони Интернет беҳудагӯйӣ, таҳқиру дашном ва иснод овардан ба шаъну шарафи инсон, сурату расм ва наворҳои фаҳш батадриҷ низ афзудааст. Зеро истифодабарандагони интернет бо назардошти он, ки онҳоро намебинанд ва ё бо ному тахаллусҳои бофтаву сохта ва номнависӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи таҳқиромезу пур аз дашноми бедалелро мегузоранд, ки он хонандаи наврасро ба маҷрои носолим роҳандозӣ менамоянд. Ғайр аз наврасон инсонҳои сину солашон гуногун низ ҳангоми бархурд бо чунин маводи таҳқиромезу фаҳш худро ноҳинҷор ҳис карда, руҳан озурда мегарданд.

Мутассифона бо ин ҳама мо шоҳиди он мегардем, ки қисме аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз оддитарин одоби суханварӣ орӣ буда, маданияти суханро намедонанд. Ғайр аз маданияти суханварӣ ҳар як миллату халқият махсусиятҳои хоси иффати миллии худро дорад. Ҳар як халқият барои худ сохтори мушаххаси қонунияти баёни суханварии худро дорост. Махсусан забони бою ғании форсӣ-тоҷикӣ, ки тули қарнҳо суфтаву равон шуда то ба имрӯз расидааст, дорои ду шумора «ту» ва «Шумо» мебошад, ки метавон инро ҳамчун шакли дуюми шумораи ягона қабул кард. Интихоби ин ё он шакл аз ҳолати иҷтимоии мусоҳиб, рафтор ва муносибат, ҳолати расмӣ ва ё ғайрирасмӣ вобастагӣ дорад. Марбут ба ин ҳар фарди камолёфтаи тоҷик ба бузургтар аз худ, шахси ношинос, устодон, соҳибмақомон, мансабдорони шӯҳратёрро «Шумо»-гуфта муроҷиат менамояд. Ва ин нишонаи он аст, ки мо тоҷикон дорои одобу ахлоқи ҳамида буда, маърифати хоса дорем. Мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги воло ва маданияти баланди суханварӣ буд. Лек имрӯз ҳамон фасоҳату назокату ширинадоии ин забон то андозае аз беэътиборию нодидагирифтанҳои мо – соҳибони забон коста гардида, дуруштиву носуфтагиҳоро ба миён овардааст. Тарзи гуфтори кӯчаву бозорро мо расонавӣ кардаву лакнате бар забон ворид намудаем. Ҳамин аст, ки аксари истифодабарандагони ҷавони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳамон фарҳанги кӯчагии худ, бо алфози қабеҳу дурушту дағал мавод ва муоширати худро ба роҳ мондаанд. На танҳо ҷавонон балки гоҳ-гоҳ ҳамкасбони собиқадори худи мо низ ҳангоми муошират дар шабакаҳо ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва ё маданияти сухан беэътиборӣ зоҳир менамоянд. Ба имрӯзи ҷомеа назар афканда кас, таассуф мехурад, ки он ҳама иффати миллиро чӣ шуд? Чаро мо дониставу надониста алфози қабеҳи кӯчагиро расонавӣ кардаву бо ин тарзи гуфтор ифтихор меварзем? Сабаб ин ҳамаро чист? Шояд ба андешаи банда сабаби асоси дар он бошад, ки то ҳанӯз мо фарҳанги сухангуфтанро наомӯхтамеу маданияти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро намедонем. Мо намедонем, ки бо ин зиштгуфторӣ ва зиштнигориҳоямон дар шабакаҳои мухталиф дар замири наврасон фарҳанги кӯчагиро ҷо карда, онҳоро носолим мегардонем.

Чунин зиштгуфториву зиштнигориҳоро дида дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз дар шабакаи Фейсбук пешниҳоде гузошта будам, ки дӯстон ва истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоӣ биёед дар ҳафт рӯзи ин ҷашни озодаву покӣ ҳафтрӯзӣ ширинбаёниву ширингуфториро пеша карда, баҳри покии забони ноби тоҷикӣ кӯшем.

Бо назардӯзӣ ва таҳлили иттилооти гирифтаи чандин шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Фейсбук, Одноклассники, ВКонтакте.ru, Мой Мир@mail.ru, Гайдпарк, В кругу друзей, Привет.ру, Мой Круг ва ғайра мо ҷиҳати мусбат ва манфии Интернетро ба шакли зайл баён доштем:

Ҷиҳати мусбати Интернет

- дастрасии саривақтии дилхоҳ ба иттилоъ;

- муошират: дар Мой мир, Одноклассники, Контакт ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ;

- худмуаррифӣ;

- гирифтани донишҳои нав;

- тавоноии коркард бо иттилоот, пайдо кардан, гирифтан ва таҳлил кардан, ҷо ба ҷо кардан ва истифодабарии иттилоот.

Ҷиҳати манфии Интернет:

- бесарусомонии иттилооти нодуруст;

- гирифтан ва паҳн кардани иттилооти бардурӯғ;

- паҳн кардани маводи фаҳш;

- таҳқиру дашном ва паст задани шарафу номуси инсон;

- ривоҷи алфози қабеҳи кӯчагӣ.

Худ аз худ мусаллам аст, ки дар сурати риоя накардани одоби муошират, хоҳу нохоҳ меъёрҳои ахлоқи одоби нигорандагӣ коста мегарданд. Масалан ҳангоми танқиди ин ё он шахс мо камбуду хатоҳо ва хунукназариву бемасъулиятии танқидшавандаро як сӯ гузошта, рӯ меорем ба таҳқиру пастзадани шаъну эътибори ӯ. Ба ҳаёти шахсиву ҷурмҳои ӯ дахолат карда, танқидшавандаро чунон дар гирдоби ифлосиҳо мекашем, ки шахси солим аз хондани ин гуна мавод ба ҳазору як бало мепечад. Дар ин маврид танқидкунанда танқидро аз таҳқир фарқ накарда, ҳар он сухани зиште, ки нисбати рақибаш медонад рӯи саҳфаи шабакаҳо мерезад. Барои мисол:

- Ту маймуни худозада…. ин қадар ранги гов… бохас мекунед …. ба гапи сагҳои дайдуи гуреза гӯш намекунад…. беҳуда ..унатона надаронед …аз дастатон ҳеҷ чиз намебиёяд, худозадаҳои аҳмақ

Ва ё

Ба ин шизофренник таваҷҷӯҳ накунед. Ин беморие, ки ӯ дорад, дар илми равоншиносии муосир ВАМПИРИЗМ меноманд. Вампирҳо бо амал ё гуфтаҳои хеш ҳатто аз фосилаи дур нируи дигаронро мекашанд, мисли ин ки телефон аз барқ нируи тоза мегирад.

Ҷои дигар

«кофир бо зодруз доштай»

Ту аз чашми кӯру пойи лангат намон…

Агар мо худро инсони комил ҳисобем, пас бояд маданияти баҳс оростан, танқид кардан, гӯш кардану хулосабарорӣ намуданро дошта бошем. Зеро ҷое хонда будам, ки бузурге фармудааст:

Носазову зишт гуфтан нест кори оқилон,

Аз барои нарм гуфтан шуд забон беустухон.

Агар мақсади танқиди мо барои ислоҳшавӣ ва пешрафти кор ба нафъи ҷомеа бошад, пас танқидро тарзе бояд ба роҳ монд, ки он ҳиси бадбиниро бедор нагардонад.Танқид кардан низ ҳунар аст. Ҳунарест, ки онро танҳо қаламкаши босалиқа ва донишманд метавонад дар раванди фаъолияти корияш истифода барад.

Танқидро тарзе ба роҳ монд, ки он муносибати ҳамсӯҳбатро вайрон насозад, ӯро таҳқиру паст назанад, хатогияшро ба ӯ фаҳмонад, то танқидшаванда дар рафти гуфтани танқид хатогияшро дарк карда, пайи ислоҳаш кӯшад.

Барои ин зарур аст, ки на шахсият ва сифатҳои ҳамсӯҳбататонро зери тозиёнаи танқид қарор диҳед, балки мушаххасан камбуди кории ӯро, норасогии пешниҳодоташро, хулосабарориҳои нодурусташро мавриди баҳс қарор диҳед.

Аз 350 иттилооти таҳлил намудаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2015 маълум гардид, ки дар 127 тои он таҳқир;

- дар 180 тои он хатогиҳои лексикию грамматикӣ;

- дар 43 тои он истифодабарандагон таносуби маданияти суханро риоя накардаанд.

Мисолҳо оид ба маводе, ки хусусияти таҳқирирро доранд:

- ин ҳароминажодро Худо лаьнат кунад. Очаашро кадом яҳудӣ зер карда будааст дар вакташ ин хароми пайдо шудаги

- хари паат,

-э, ..унте, ..унта биҷиқ…

Ростӣ аз овардани чунин мисолҳо кас дар хиҷолат мемонад.

Мисолҳо аз маводи дорои хатои лексикию грамматикӣ ва лаҳҷавӣ:

- Маракойи соз метован)) Худованд хифзтун кна дусто!!

- Э марак, да пешаш ҳами хели мешиниву ҳами тари гап мезаниш?

- Гфтмш, ки дига итарӣ намешава

- Вирод монда набош..

Мисолҳо аз маводе, ки дар онҳо маданияти сухан роя нагардидааст:

- Аз пушти суханони девонае баҳс оростан кори хубе нест, дар сурати некаш мубоҳисонро ҳам девона мекунад, дар сурати бади бадаш аз сухани худ инсон ба ширк ва куфр ҳам расиданаш мумкин аст.

- Ҳамватанони азиз, бародарону хоҳарони бениҳоят арҷмандам, аз худи Кофир ман пуштибоние надорам,

- Ин аблаҳи Кофир бо мақсади кунбардории рус гуфтааст на ин ки бо мақсади ҳақиқатро расонидан

Азбаски, ҳанӯз мо дар раванди мутобиқшавӣ ба муносибатҳои шабакавӣ қарор дорем, аксарияти истифодабарандагони ҷавони шабакаҳои иҷтимоӣ ба назокати сухан ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ эътибори ҷиддие намедиҳанд. Дар муносибат бо ҳамсуҳбат ва ё баёни андешаҳояшон аз сабаби сатҳи пасти маърифатӣ суханварӣ бештар дар пайванди ибораву калимаҳо аз алфози қабеҳ истифода мебаранд. Ва иддае нашармида инро барои худ як ифтихор медонанд. Аз сабаби он, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба дигар намуди муоширати Интернетӣ одамони зиёде истифода мебаранд, барои ҳамин риоя намудани меъёрҳои ахлоқӣ ва маданияти суханварӣ айни муддао мебуд. Чун ба ин васила метавон ин аудиторияи басо бузургро бо муошират ва тарзи гуфтори солим роҳандозӣ намуд ва таҳкими риояи меъёрҳои ахлоқ ва маърифати суханварӣ мусоидат намуд.

Агар сар карда ҳар кадоме аз мо дар баёни сухан хушгуфтор, нозукбаён ва латифгуфтор бошему онро дар нигоштаҳои шабакавии хеш пайваста талқин намоем, фикр мекунам он ҳама носозгориҳои дар ин шабакаҳо вуҷуд дошта, ба тадриҷ кам хоҳад гашт. Ва ҳамзамон ба додарону хоҳарони навхати худ маданияти суханварӣ ва риояи одоби ахлоқиро меомӯзонем. То онҳо низ дар раванди рушди забони ноби тоҷикӣ саҳмгузор бошанду барои ояндагон тавонанд бо ин забони ноб бо лаҳни шакарин сӯҳбат ороянд.

Доруи дарди шифо дар назари мо сухан аст,

Сухани нек шукӯҳу шарафи анҷуман аст.

Мухтор Боқизода,

узви Шӯрои ВАО-и ҶТ

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер