И.К.Усмонов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, профессор

Дар назари ман ҳамеша чунин менамуд, ки вазифаи воситаи ахбори омма, вазифаи адабиёт ва вазифаи дигар ҳунари халлоқӣ дашном додану таҳқир кардан нест. Ба он ақида будам, ки барои камбудӣ ва гуноҳи касе ӯро дашном додан, таҳқир кардан ва ба ҳадди фаҳми худ пасту ночиз кардан, нафақат мӯҳим нест, балки гуноҳ ҳам ҳаст. Вақте синфи нӯҳум мехондам, дар бораи муаллими фанни «Асосҳои истеҳсолот»-и мо рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фелйетоне чоп кард, ки аз ҷумла дар он тахминан ин гап буд. «Варами пушти гардани муаллим аз хӯрдани ҳаққи талабагон пайдо шудааст». Аслан вай варам иллати модарзодии муаллим буд. Муттаасифона, журналист ҳамонро таъна зада буд. Чи истифодаи сӯе мекардем мо бачаҳо, бехабар аз он ки дили муаллим ба чи тӯфоне гирифтор шудааст. Барои мо муҳим ба ҳоли муаллим хандидан буд. Беадабии журналист ҳамсанги тарозуи беадабонаи мо-бачаҳои наврас буд. Баъдтар дар зиндагӣ чунин ҳолати нобасомонро борҳо мушоҳида кардам, гарчи дар замони шӯравӣ ҳизб ва давлат лаҷоми матбуотро сахт ба даст медошт, беадабӣ кардан намемонд, чунки матбуот, радио ва телевизион соҳиб дошт, соҳиб виҷдон дошт ва виҷдони худашро эҳтиром мекард. Ҳоло чунин муносибатро ҳукумат ба матбуот, радио ва телевизиони худ дорад, аммо на дар хусуси ҳамаи соҳибони матбуоти шахсӣ инро гуфтан мумкин аст.

Дар замони матбуоти зиддикоммунистӣ, яъне аз соли 1987 то соли 1992, вазъият дар мавриди ахлоқ ниҳоят бад шуд. Зеро ҳадаф на демократия, на истиқлол, на ягон сохти муайяни иҷтимоӣ, ки бартарии он маълум шуда бошад, балки маҳкум кардани ҳар он чизе ки дар он мезистем. Ҳадаф таҳқир кардани рақибони сиёсӣ буд. Рақиб куҷо, ҳадаф танҳо таҳқир буд. Дар ҳамон замон аз забони як донишҷӯйе шунидам, ки имрӯз худро миллатпараст ва журналисти тавоно ҳисоб мекунад: «Ман бо нони ҳаром калон шудам, зеро падарам коммунист буд». Воқеан, вай ҳангоми вафоти падараш марсияе ҳам навишт, ки дар он сӯзу гудози фарзанд эҳсос мешуд. Ин шеър дар назарам нӯлпоккунӣ намуд, чунки фикрашро дар бораи падараш медонистам. Дар ҳамон солҳо аввалин бор китоби олимони америкоӣ «Чор назарияи матбуот»-ро хондам ва сабаби пайдо шудани назарияи масъулияти иҷтимоиро ба ҷон шинохтам. Дунёи матбуоти либертарианӣ, яъне озод дар он замон аз фаҳшгӯӣ ва беадабии матбуоти ба истилоҳ озод ва аз бемасъулиятии он ба дод омада буд. Ба ибтикори калисои америкоӣ соли 1942 вазъияти матбуот таҳқиқ шуд ва талаб пешниҳод гардид, ки матбуот барои сухани мегуфтааш дар назди ҷомеа бояд масъул бошад. Матбуот худро бояд танзим кунад, вагарна танзимгари дигаре лозим мешавад ва ин танзимгар ҳукумат шуданаш мумкин. Ҳукумат ба воситаи қонунҳо ва сензура назорат карданаш мумкин мешавад, барои он ки ин ҳолат ба вуҷуд наояд, барои он ки матбуот аз ҳукумат вобаста нашавад худтанзимкунӣ даркор аст ва худтанзимкунӣ ба воситаи кодексҳои одоб сурат мегирад, яъне ба воситаи санаде, ки аз он ҳуқуқшиносон истифода намебаранд, истифода бурда наметавонанд, балки худи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҷомеаи журналистӣ тавассути он амали воситаҳои ахбори оммаро дар чорчӯби одоб нигоҳ доштан мехоҳад. Шахсан барои ман чунин шакли танзим бисёр маъқул аст, зеро ҳамақидаи Джон Стуарт Милл, Маркс ва Ленини то соли 1917 дар мавриди озодии баён, ҳастам. Милл мегӯяд: «Мо бояд барои гуфтани ақида имконият диҳем, агар ақида гуфта нашавад, аҷаб не, мо кадом як ҳақиқатро нафаҳмида мемонем. Ақидаи ғалат ҳам кадом як мағзи ҳақиқат доштанаш мумкин аст, аз он истифода карда, ҳақиқати пурраро ҳосил кардан имконпазир мешавад. Дар ҳолате ҳам ки ақидаи ба таври ом қабулшуда ҳақиқати комил бошад, ҷомеа онро на ҳамчун ҳақиқат, балки ҳамчун биддат қабул карда метавонад, ба шарте он ақидаи қабулшуда зарурияти ҳимояи худро эҳсос накунад ва ниҳоят агар ақидаи омшуда ба таври расмӣ исбот нашавад, вай ақида озод нест. Андешаи ин олими асри 18 асоси андешаи либертарианӣ ва андешаи матбуоти озод аст. Маркс мегӯяд, ки агар ман пеш аз суд фикрамро дар бораи ҷиноят гуфта натавонам, агар ман ҳуқуқи бо тахаллус навиштани ҳақиқатро надошта бошам, агар ман манфиати аксариятро ҳимоя намекарда бошам, ҳеҷ гуна озод нестам. Ва Ленин меафзояд. « Дурӯғ ва таҳқир матбуотро беобрӯ мекунад». Вақте «озодии сухан», «журналистикаи мустақил» ва ифодаҳои ба ин монандро мешунавам ва тарафгирӣ мекунам, идомаи ҳамин назарияҳоро мехоҳам, на худфурӯшӣ, хариду фурӯш, фаҳшу дашномро. онро баъзе ноширон «Озодӣ» меҳисобанд. Ҷомеаи ҷаҳон аз ин хел «озодӣ» ҳазар мекунад. Ин иқтибосҳоро барои он ҷоиз донистам, ки масъалаи одоби касбӣ сарфи назар аз сохти иҷтимоӣ, ҳатто сарфи назар аз равияи сиёсии матбуот дар ҳама замон буду ҳаст. Онҳое, ки ифлоскорона наменависанд, онҳое ки бе таҳқир ҳам сухани гуфтанӣ доранд, онҳое ки зӯрашонро аз пушти шонаи амакашон ё бо дарҳои бастаашон нишон додан намехоҳанд, ҳеҷ тарсе аз он надоранд, ки воситаи ахборро кодекси одоб танзим кунад. Балки хурсанданд, зеро моҷаро на дар суд, балки дар сӯҳбати ҳамкасбон ҳал мешавад. Тақрибан дар ҳамаи дунё кодекси одоби журналистӣ қабул шудааст, баъзеи онҳо хусусияти редаксионӣ доранд, баъзеи дигарашон хусусияти гурӯҳӣ доранд, баъзеи онҳо хислати минтақавӣ доранд ва баъзеи дигарашон хусусияти миллӣ доранд. Бо дар назардошти ҳамин асл, ман дар охирҳои асри 20 барои донишҷӯёни риштаи журналистика аз одоби касбӣ кам-кам таълим медодам ва дар заминаи насиҳати адибони бузурги гузаштаи тоҷик ду чиз ҳам навиштам: яке бо номи «Одоби сухан», ба сифати рисолаи алоҳида чоп шуд, дигаре бо номи «Меъёри одоби нигорандагӣ», дар ҷилди аввали маҷмӯаи мақолаҳоям ба номи «Журналистика» (Душанбе, 2005), шомил гардид. Дар ҳамон солҳо ва аввали асри 21 Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи милли воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи инкишофи Созмони Миллали Муттаҳид барои қабул кардани кодекси одоби журналистони Тоҷикистон кӯшишҳо карданд ва маро ҳам дар иддае аз вохӯриҳояшон, ки дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва деҳаи Обигарм баргузор шуданд, даъват намуданд. Бо ҳамин корашон нотамом монд. Моҳи майи соли 2009 дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо маро ба вохӯрие даъват кард, ки он ба баррасии сохтори худтанзимкунии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бахшида шуда буд. Бо майли том иштирок кардам, зеро ин аз масъалаҳое мебошад, ки ба фаҳмиши ман дар бораи озодии ВАО мувофиқат мекард. Он ҷо фаҳмидам, ки чанд нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма моҳи декабри соли 2008 сафари Берлин доштаанд ва дар он ҷо тасмим гирифтаанд, ки худтанзимкунии ВАО-ро, яъне қабули Кодекси одоби ВАО ва роҳҳои тадбиқи онро дар Тоҷикистон амалӣ кунанд. Онҳо аз депутатҳо Олимҷон Салимзода, аз кормандони ҳукумат – раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов, роҳбарони матбуот ва ассосиатсияҳои восситаҳои ахбор – Шариф Ҳамдампур, Зинатулло Исмоилов, Рустами Ҷонӣ, Акбаралӣ Сатторов, Умед Бобохонов, Зафар Абдуллоев, Мусо Асозода ва Нуриддин Қаршибоев иборат буданд. Баъдтар аксарияти он муассисаҳо, ки инҳо роҳбарӣ мекарданд, ташаббускорӣ ташкили Шӯрои ахбори омма шуданд. Дар маҷлисҳое, ки моҳи майи соли 2009 баргузор шуданд, роҳбарон ё намояндагони аксарияти воситаҳои ахбори оммаи ҳукуматӣ, ҳизбӣ ва мустақил, аз саросари ҷумҳурӣ иштирок карданд ва онҳо барои тайёр кардани Кодекси одоб гурӯҳи корӣ таъсис доданд ва дар баррасии он матолиб мустақиман ё ғайримустақиман иштирок намуданд. Пас, метавон гуфт, ки меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон маҳсули фикр, ақида ва омоли аксарияти онҳое буд, ки дар он ҷо иштирок карданд. Аксарият барои он ки дар байни иштирокчиёни он ҷаласа шахсоне буданд, ки меъёри одоби журналистиро ба сифати як навъ сензура шинохтанд ва гумон карданд, ки вай озодии онҳоро маҳдуд мекунад, ё ба он ақида буданд, ки барои фаъолияти ВАО ҳеҷ гуна монеа, аз ҷумла монеаи ахлоқӣ ҳам пеш овардан даркор нест. Бинобар ин ҳуҷҷати тайёршударо имзо накарданд. Албатта, ин ҳақи комили онҳост, зеро алъон фаҳмиши онҳо ба фаҳмиши дигарон мувофиқ нест, ё шояд равияи нашрияи онҳо барои татбиқи меъёрҳои одоб имконият намедиҳад. Ба ҳар ҳол, бештар аз 80 фоизи ҷомеаи журналистии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки онҳо ҷонибдори боодобона кор кардани воситаҳои ахбори омма ҳастанд ва зери аснод имзо карданд. Дар ин меъёрҳо омадааст: «Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бовиҷдонона амалӣ кардани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии ВАО ва журналистонро эълон ва қабул медоранд. Ҳеҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надорад». Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон дар Тоҷикистон рисолати ВАО ва журналистро муайян карда, сареҳияти ахборро таъкид намуда, ҳифзи манбаи ахборро эҳтиром карда, ақида, далел ва гумону тахминро аз ҳам ҷудо карда, эҳтироми иффати миллӣ ва фарҳанги ғайрро таъкид намуда, ҳамчунон ба масъалаҳои зерин диққат медиҳанд: эҳтироми ҳаёти шахсӣ, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шухс, эҳтимоли бегуноҳӣ, роҳ надодан ба табйиз, нашр накардани гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон, ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама, шеваи ҷамъ овардани мавод, подош ва имтиёз, асардуздӣ, ислоҳи хато, ҳамрайии касбӣ. Бо мақсади назорат кардан ба татбиқи ин меъёрҳо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки мақсади он ташаккули фарҳанги касбӣ ва журналистикаи поквиҷдонона, барқарорсозӣ ва таҳкими ВАО, таҳкими ВАО дар кишвар, ҳимояи мустақилияти ВАО дар кишвар мебошад. Шӯрои ВАО мақоми ҷамъитӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО мебошад. Яъне ҳеҷ кас аз аъзои шӯрои ВАО, ки онҳо нӯҳ нафаранд ва барои се сол интихоб мешаванд, маош намегирад, танҳо роҳбари дастгоҳи ВАО ва як корманди техникии он маошхӯр аст. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба одоби касбии журналистон тааллуқ дорад. Низомнома, меъёри ахлоқ дар маҷлиси умумии намояндагони ВАО, ки охири моҳи октябри соли 2009 барпо шуда буд, тасдиқ шуд ва 14 январи соли 2010-ум Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои ВАО Тоҷикистонро ба қайд гирифт. Дар давраи фаъолияташ Шӯро бештар аз 20 муроҷиати шаҳрвандонро қабул кард ва қисме аз онҳоро, ки ба соҳаи фаъолияти шӯро мувофиқ меомаданд, баррасӣ намуд. Дар байни онҳо масъалаҳое буданд, ки ба муносибат байниҳамии ду рӯзноманигор дахл доштанд, масъалаҳое ки ба муносибати хонанда ва ВАО дахл доштанд, масъалаҳое ки ба муносибати ду нашрия иртибот доштанд, масъалаҳое ки ба муносибати мақомоти ҷудогонаи ҳокимият ба фаъолияти ВАО дахл доштанд. Агар ба шакли умум гӯем Шӯрои ВАО натанҳо одоби касбии журналистонро мушоҳида мекард ва дар вақти лозимӣ ба ҳамкорон ва ҳакасбон маслиҳат медод ва онҳо ҳақ доранд ин маслиҳатро нодида гиранд, асло қабул накунанд ва бо гуфта шудан ва нашр шудани тавсияи Шӯро ҷомеа хабардор карда мешавад, ки воқеан ин гуна нуқс мавҷуд аст. Шӯро ҳамчунин манфиати ВАО-ро дар муносибат бо мақомҳо ва идораҳо, дар сурате агар воситаҳои ахбор воқеан ҳам аз ҳадди марзи худ берун набаромада бошанд, ҳимоя мекунад. дар тӯли даври амал Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон меъёрҳои одоби касбиро бо шакли рисолаи нашр кард, дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе бо журналистон дар миззи муддавар вазифаҳои худро шарҳ дод, тавсилҳояшро дар ВАО нашр кард. Ҳар кадом ҷомеа аз оддитарин шахрвандаш то олитарин мақомаш ҳавасманд аст, ки дар ҷомеа оромӣ мавҷуд бошад, сулҳ ҳукмарон бошад, эҳтироми ҳамдигар мавҷуд бошад. Ин мутлақо маъно надорад, ки воситаҳои ахбор танҳо таъриф кунанд, камбудиро нагӯянд, ба муқобили вайронӣ мубориза набаранд ҳамчунон ин он маъноро ҳам надорад, ки воситаҳои ахбор носазогӯӣ кунанд, дурӯғ гӯянд касеро таҳқир кунанд. Дар шароите, ки муайян кардани таҳқир ва шарафу номус дар бисёр ҳолат ба душворӣ мувоҷеҳ карда мешавад, Шӯрои ВАО ба он фикр аст, ки ин корро агар дар сӯҳбатҳои Шӯро бо журналистон ҳал кунанд беҳтар аст. Зеро натиҷаи ин сӯҳбатҳо на кашидан ба маҳкама аст, на ҷазо додан аст, балки ҳал кардан ва пешгирӣ кардани носазоӣ аст. Албатта, дар ҷомеаи мо ҳастанд ҳамқаламоне, ки худро ах ҳадди маслиҳатшунавӣ баландтар ҳисоб мекунанд, шояд ҳамин хел ҳам бошад, шояд ба онҳо маслиҳат даркор набошад ва худашон аз хондаю дидаю шунидаашон ва аз муҳити зисташон барояшон роҳе интихоб кардаанд ва ин хуб аст, онҳо мустақиланд. Аммо он чи ки дар бораи камбудии раҳёфта гуфта мешавад, барои рӯзноманигори дигар низ фоиданок мебошад, зеро ҳамеша ҳадаф дар хулосаҳои Шӯро натанҳо он нашрияи аст, ки перомунаш сухан меравад, балки нашрияҳои дигаре ҳам ҳастанд, зеро эҳтимоли ба камбудӣ роҳ додан дар ҳама мавҷуд аст. Дурӯғ мегӯем мо, агар изҳор кунем, ки муҳити журналистикаи мустақили мо орӣ аз камбудиҳост. Носазогӯии байни ҳамдигарии соҳибони матбуот, журналистони алоҳида кам мушоҳида намешавад ва инҳо ба саҳифаи матбуот ҳам роҳ мегирад ва акнун тасаввур кунед, ки вақте ду соҳибрӯзнома ба ҳам ҷанг мекунад ё ба ҳам носазо мегӯяд оё соҳибрӯзнома наметавонад ин корашро нисбате одамоне ҳам амалӣ кунад, ки онҳо василаи чопии худро надоранд, то аз худ ҳимоя карда бошанд. Аз ҷониби дигар, дар ВАО пайдо шудани таҳқирҳо, дашномҳо ва суханҳои носазо ба хонандаи «озодии бетараф», ба тарбияи маънавии ҷомеа беасар мемонда бошад. Шӯро барои ҳаллу фасли ин лозим аст ва аъзои Шӯро, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар мисоли журналистон онро интихоб кардааст ва дар байни онҳо муҳаррирони рӯзномаҳо, роҳбарони телевизион, ассосиатсия ва агентиҳо ҳастанд, воқеан метавонад маслиҳати дӯстона ва муфид диҳад. Яке аз хусусияти ҷомеаи демократии озод он аст, ки азбаски ҳукумат ба фаъолияти ВАО дахолат намекунад, моҷароҳо дар суд арзёбӣ мешаванд. Ин хуб аст, зеро дар баҳс ҳақиқат пайдо мешавад. Аммо дар ҷомеаҳои Осиёи Миёна, ки нав ба роҳи демократӣ равонанад, ҳанӯз дар тафаккур фаҳмишҳое хеле зиёданд, ки ин ба баъзе намояндагони мақомҳо имконият медиҳад бо истифода аз ҷоҳу ҷалол дар муқобили ВАО қарор гиранд. Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон умеди сареҳ ба мақомҳои судӣ, ба адлу инсофи онҳо дорад, ки мӯйро аз хамир ҷудо кунанд ва ҳеҷ кадом баҳс сабаби он нагардад, ки озодии сухан халал ёбад. Охир яке аз рукнҳои асосии замони нави мо ҳамоно таъмин кардани озодии баён, аз ҷумла озодии ВАО аст. Матбуоти ҳақиқатан озод, матбуоте ки бе валвала, бе тӯҳмат, бе дурӯғ ва бе фаҳш менависад, воқеан хизмати ҳамаро мекунад ҳам шахси алоҳидаро, ҳам ҳокимиятро, ҳам ҷамъиятро. Зеро чунин ВАО бехушомадгӯӣ ва бе таҳдид менависад ва як мақсад дорад- кишвар бояд обод бошад. Шӯрои ВАО ба он ният аст, ки барои анҷоми ҳамин мақсади наҷиб ба ВАО мадад расонад.

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер