Мусоҳиба бо Раҷаби Мирзо, узви Шӯрои ВАО

-Имрӯз то куҷо Шӯрои ВАО дар баррасии мушкилоти судии расонаҳо нақши муҳим дорад?

- Инҷониб дар ибтидои таъсиси Шӯрои ВАО яке аз мухолифони таъсиси он будам. Аммо ҷонибдорон мегуфтанд, ки ҳадафи созмонёбӣ ин пешгирии баҳсҳои судист, ки он замон нав авҷ мегирифт. Мутаассифона таи 5 - соли фаъолияти Шӯро ҳанӯз механизмҳои амиқи таъсиргузорӣ ба баҳсҳои судӣ  ҳанӯз муайян нашудаанд. Барои чунин ҳолат, агар аз як тараф муайян нашудану дар ҳолати номуайянӣ қарор доштани худи Шуро ва аъзову муассисонаш бошад, аз сӯи дигар дарк нашудани мақоми он аз  ҷониби журналистон аст. Дар замони раҳбарии Қироншоҳ Шарифзода баъзе кӯшишҳои ҳамкорӣ бо Шӯрои адлия ва Суди Олӣ дар масъалаи қазияҳои марбут ба журналистону расонаҳо пайдо шуда буд, аммо бо сабабҳои айниву зеҳнӣ онҳо амалӣ  нагардиданд. Яъне чун дарк нашудани моҳияти фаъолияти Шӯро аз сӯи журналистон ва редаксияҳо ҳанӯз ҳам эҳсос мешавад, мешавад гуфт Шӯро ҳанӯз то андозаи лозим шакл нагирифтаву аз ин рӯ нақши бориз дошта наметавонад. Ин дар ҳолест, ки он метавонист ба як созмони қавии ҳимоякунанда ва пешгирикунандаи баҳсҳои судӣ табдил ёбад, ончуноне дар бисёр кишварҳои пешрафта аст.

-Ба назари шумо баҳсҳои судии расонаҳо дар кишвар одилона баррасӣ мегарданд?

-Ин ки системаи судии Тоҷикистон мустақил нест, барои бисёриҳо маълум аст. Журналистон бошад ба гуфтаи коршиносон қавитар аз институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандист, ҳатто қавитар аз аҳзоби сиёсӣ. Дар ин сурат, мо баҳсҳоеро ҳам шоҳид будем, ки бештар хислати қасосгириро мемонданд. Дар навбати худ баъзе аз ҳамкасбонамон ҳам ҳини пешниҳоди матолиб аз доираи касбӣ ва меъёрҳои ахлоқи касбӣ берун мераванд.  Ман ҳоло дар ин маврид аз овардани мисолҳои мушаххас худдорӣ мекунам, то боиси малоли хотири ҳамкасбон нагардам, аммо ҳақиқат ин аст, ки аз хондани баъзе матолиб вуҷудамро тарс фаро мегирад. Ҳукуматдорон танҳо дар ин ҳолат вокуниш нишон намедиҳанд, ки ин матлабҳо дар нашрияҳои барои онҳо қобили қабул чоп шудааст. Аммо, агар чунин иттифоқ нисбати журналистони нашрияҳои нофор пеш меомад, онҳоро на камтар аз 20 сол ба зиндон меандохтанд. Чаро не? Агар журналистро барои 400 сомонии ғайриқонуни 11 сол ба маҳбас меандозанд, чопи матолиби мавриди назари ман метавонист ба судя имкон бидиҳад, ки он журналистро барои муддати тӯлонӣ ҳукм намояд.

-Ҷаримабандӣ ва ба суд кашидани расонаҳои мустақил ба фаъолияти онҳо чӣ таъсири манфӣ мерасонад?

-Аввалан ба суд кашидани журналист ва расонаҳо, чӣ мустақил ва чӣ ҳукуматӣ ин ягон фоҷиа не, талаботи давлати ҳуқуқбунду демократист. Вале тавре гуфтам бо низоми судии мавҷуд адолатро наметавонем барқарор кунем. Аз ҷониби дигар, тавре зимни суханронӣ дар як нишаст гуфтам, ман бисер шубҳа дорам, ки аксарияти баҳсҳои пайдошуда ба хотири тантанаи адолат ё ҳимояи шаъну шараф бошад. Бубинед, аслан ду категорияи мардум бо ВАО "мушкил" пайдо кардаанд: мансабдорон ва доираҳои тиҷоратии ба онҳо наздик. Пас, чӣ метавон хулоса кард? Яъне оё ҳадаф тарс додан, муфлис кардан ва аз саҳна берун кардани журналистон нест? Ба қавле зиёиён ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ карда шуданд, аммо он ҳам барои яке аз ҳадафҳои зикркардаи ман равона шуда буд. Зеро ин ба истилоҳ зиёиён чандон мустақил ҳам набуданд ва дар ҳолати дигар духтари он ба қавле зиёӣ судя буд ва судяи дигар ба хотири ҳамгироии касбӣ ҳукм баровард. Худатон хулоса кунед...

-Сензура чист? Оё тарси расонаҳо барои ворид нашудан ба майдони судӣ лағви озодӣ ва  худсензура аст?

-Ман аз суд шудан ва гирифтор шудан ба баҳси судӣ тарс надорам! Ин принсипи ҳар як журналисти мустақил бояд бошад. Дар ин сурат ӯ ҳам қонунгузориро хуб меомӯзад, ҳам талаботи касбиву меъёрҳои ахлоқиро риоя мекунад. Танҳо дар ин ҳолат журналист метавонад аз сензураву худсензура канор бошад. Дар сурати гирифтори ноадолатиҳо гардидани чунин журналист ҳатман вокунишҳои ҷиддӣ сурат мегиранд. Он тавре нисбати Олга Тутубалина буд.

Сӯҳбаторо Рухшона Ҳакимова

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер