Freedom House гузориши солонаи худ оид ба вазъи озодии баёнро нашр кардааст, ки Тоҷикистон ба қатори кишварҳои “ноозод” ворид мешавад.

Тибқи гузориши солонаи Freedom House (Хонаи Озодӣ) - созмони ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи озодии баён - 3-юми май нашр мешавад, Тоҷикистон дар миёни 199 давлат дар мақоми 179 қарор дод.

Бино ба гузориши “Хонаи Озодӣ” дар як соли охир вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон рӯ ба вахомат овард. Ин боис шудааст, ки нисбат ба соли қабл Тоҷикистон мақоми худро чор зина аз даст диҳад.

Соли гузашта аз миёни 197 кишвраи олам Тоҷикистон дар озодии матбуот дар ҷойи 175-ум қарор дошт.

Ин созмони байналмилалӣ вазъи озодии баён дар ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон ва Туркманистонро вахимтар арзёбӣ мекунад, ки дар ҷойи 197 қарор доранд. Танҳо вазъи озодии баён дар Кореяи Шимолӣ аз ин ду кишвар бадтар дониста мешавад.

Аммо муаллифони маърӯза иброз доштаанд, ки бо вуҷуди ҳамаи ин сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон беҳтар аз Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон аст, ки мутаносибан дар мақоми 181, 185 ва 188 қарор гирифтаанд, вале мақоми ба даст овардани Тоҷикистон бадтар аз Ироқ, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон ва Арманистон аст.

Муаллифони маърӯза бар ин назаранд, ки сатҳи озодии баён дар мамолики олам дар соли сипаришуда хеле бад шудааст. Аз 199 кишвари олам 63 мамлакат чун кишварҳои “озод”, 71 давлат “қисман озод” ва 65 мамлакати дигар “ғайриозод” дониста шудаанд.

Ибтидои моҳи марти соли равон созмони “Гузоришгарони бидуни марз” низ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон, бахусус дар арафаи интихобот изҳори нигаронӣ карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки вазъи озодии баёнро дар арафаи интихобот ба баррасӣ гиифта, ба ин натиҷа расида буданд.

Пештар аз ин, дар тирамоҳи соли гузашта созмонҳои мустақили хабарнигорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешаи хабарнигориро дар минтақа хатарнок эълон карда буданд.

TojNews

 
Баннер
Баннер
Баннер
Баннер